Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Осорхонаи ПРАДО

Осорхонаи ПРАДО

ПРАДО (Prado), Музейи мил л и и мусавварава муҷ а с с а м а ҳ о и Прадо музейи бадей дар Мадрид. Дар бинои мӯҳташам, ки намунаи барҷастаи класситсизми на­ви испан (1785—1830, аз рӯи лоиҳаи X. де Вилянуэв) мебошад, ҷойгир аст.

prado

Соли 1819 дар заминаи коллексияҳои шоҳони Испания таъсис ёфтааст. Дар коллексияи Прадо махсусан осори санъати тасвирии асрҳои 15—19 Испания (Эл Греко, X. Рибера, Ф. Сурбаран, Д. Веласкес, Б. Э. Мурило, Ф. Гойя) мавқеи намоён дорад. Дар Прадо мусаввараҳои зиёди рассомони асри 16 италиявӣ (Рафаэл, А. дел Сорто, Ти­тсиан ва дигарон), инчунин шоҳасарҳои мактабҳои рассомии асрҳои 15—16 нидерланд (Рогир ван дер Вейден, X. Босх, А. Мор), фламанд (П. П. Рубенс) ва франсавӣ (Н. Пуссен) маҳфуз аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …