Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЖАРСКИЙ Дмитрий Михайлович

ПОЖАРСКИЙ Дмитрий Михайлович

pozharskiy-d-m

ПОЖАРСКИЙ Дмитрий Михайлович (1. 11. 1578—30. 4. 1642, Москва), ходими давлатӣ ва ҳарбии Россия, княз. Соли 1598 аъзои Собори Земство, аз 1613 боярин. Дар пахш намудани шӯриши деҳқонон (роҳбараш И. И. Болотников) иштирок намуд. Солҳои 1608—1610 В. И. Шуйскийро дар мубориза ба муқобили Дмитрийи Қалбакии II дасогирӣ кард. Иштирокчии лашкари якуми халқии соли 1611 во шӯриш зидди интервентҳои Полшаю Литва дар Москва (19—20 марти 1611). Аз охири октябр 1611 яке аз роҳбарони лашкари дуюми халқи. Дар охири 1612— аввали 1613 Пожарский (якҷоя бо Д. Г. Трубетской) сардори ҳукумати муваққатӣ. Соли 1615 дар ҷанубу гарбии мамлакат ба амалиётҳои ҳарбии зидди отрядҳои Полша роҳбарӣ кард, 1618 дар зада гардонидани юриши қӯшунҳои Полша бо сардории Владислави IV иштирок намуд. Солҳои 1617— 1640 сардори маҳкамаҳои Москва, 1628—1630 ҳокими Новгород. Пожарский яке аз заминдорони калонтарини нимаи якуми асри 17 буд. Дар Суздал дафн карда шудааст. Солҳои 1804—1818 ба хотираи Пожарский ва К. Минин дар Майдони Сурхи Москва ҳайкали ёдгорӣ гузошта шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …