Маълумоти охирин

ПОЗАНД

ПОЗАНД, тафсири Занд, овонавишт (транскрипсияи) матнҳои паҳлавӣ (форсии миёна) ба хати авестоӣ (бо истифода аз ҳарфҳои иловагӣ ва аломатҳои диакритикӣ) ва алифбои арабиасоси тоҷикӣ. Позанд дар асрҳои 8— 9 бар ивази хати душвори паҳлави (ниг. хати паҳлавӣ) ва дар оғози зуҳури забони форсии нав ба миён омадааст. Ҳангоми ба Позанд баргардонидани матнҳои паҳлавӣ ҳузворишҳо (ҳетерограммаҳо) бо варианти форсиашон иваз карда мешуданд. Ба замни ин дар Позанд таъсири забони форсии нав ва лаҳҷаҳое, ки зардуштиёни Эрон гуфтугӯ мекарданд (яздӣ, сивандӣ, симнонӣ, сой, сангсорӣ ва ғайра) ба назар мерасад. Дар калимоти матнҳои Позанд ва лаҳҷаҳои зикршуда аз ҷиҳати сохт ва хусусиятҳои фонетикӣ монандӣ дида мешавад. Позанд фолологияи забони паҳлавиро дар бар гирифта, барои дарк кардани маънии калимаҳои ин забон ва дарёфтани таҳаввул дар фаҳмиши онҳо бештар мусоидат мекард. Аксари ёдгориҳои адабии динии паҳлавӣ (форсии миёна), аз қабили «Бундаҳиши», «Минуи хирад», «Ҷомосинома», «Ардавирафнома», «Баҳманяшт», «Аогомадаеча», «Хурд-Авесто» ва ғайра ҳам дар шакли паҳлавӣ ва ҳам дар навишти Позанд то замони мо расидаанд. Дар адабиёти классикии форс-тоҷик баробари Авесто ва Занд ба Позанд низ ишораҳо мавҷуданд. Вале баъзан Позанд на ба он шаклу тарзи аслие, ки буд, ба қалам дода шудааст. Масалан, Фаррухӣ дар байти:

«3-ӯ дӯсттарам ҳеҷ касе несту гар ҳаст,

Онам, ки гӯям Позанд Қуръон аст» ва ё Лабибӣ дар байти:

«Гӯянд нахустин сухан аз номаи Позанд,

Он аст, ки бо мардуми бадасл мапайванд»

Позанндро ҳамчун як нома, китоби алоҳидае фаҳмидаанд, ки ин ба асли масъала мувофиқате надорад.

Ад.: Саймиддинов Д., К вопросу о происхождекни пазенда, дар маҷм.: Забоншиносии тоҷик, Д., 1980;

М. Диловаров

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …