Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пойтахти Неамей

Пойтахти Неамей

Неамей (Niamey), пойтахти Рес­публикаи Нигер. Маркази маъмурии департаменти Ниамей. Дар соҳили дарёи Нигер воқеъ гаштааст. Иқлимаш субэкваторӣ; ҳарорати миёнаи солона 25° С; боришоти солона 350 мм. Аҳолиаш беш аз 250 ҳазор нафар (1980). Ниамей— маркази асосии сиёси, иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Узели муҳи­ми нақлиёт ва бандари дарёи; аэ­ропорташ дорои аҳамияти байналхалқист.

Маркази савдои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ (чорво, пӯст, чарм, чавзи ҳиндӣ, пахта ва ғайра). Фабрикаи бофандагӣ, корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (саллоҳхона, заводҳои шир, орд, пиво ва ғайра) ва масолеҳи бинокорӣ, устохонаҳо ва стансияи электрии омавӣ дорад. Ҳунармандӣ (заргарӣ, кандакории чӯб, кулолгарӣ ва ғайра) ривоҷ ёфтааст. Дар Ниамей унивеситет, Мактаби маъмурии миллӣ, Мактаби миллии нигаҳдории тандурустӣ, муассисаҳои илмӣ (Бюрои оид ба геология ва кӯҳкорӣ, Маркази тадқиқоти иҷтимоӣ, Маркази техникии парвариши ҷангалҳои тропи­кӣ ва ғайра), китобхона, Музеи миллӣ, боғи ҳайвонот мавҷуданд.

Ниамей аз августи 1960 пойтахти Республи­каи Нигер аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …