Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пойтахти Налчик

Пойтахти Налчик

Налчик пойтахти РАСС Каб. Балқ. Дар доманаи шим Кавкази Калон, дар соҳили дарё Налчик воқеъ гаштааст. Аз Налчик роҳи автомобилгарди Ростони Дон — Боку мегузарад. Ба воситаи шохаи роҳи оҳани (41 км) бо стансияи Котляревская алоқаманд аст. Тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи июл 21°С), зимистонаш мӯътадил (ҳарорати миёнаи январ —4° С). Боришоти миё­наи солона 615 мм. Аҳолиаш 207 ҳазор нафар (1979). Налчик 50%-и маҳсулоти саноатии РАСС Каб. Балқро медиҳад.

Саноати мошинсозӣ, металлургия, электротехника, химия, хӯрокворӣ,  сабук, чӯбгарӣ, масолеҳи бинокорӣ  тараққӣ кардааст. Корхонаҳои калонтарин; заводҳои гидрометаллургия, мошинсозӣ, «Севкавэлектроприбор»,  аппаратураҳои телемеханикӣ, чӯбгарӣ, комбинатҳои «Искож» ва гӯшт, фабрикаҳои дӯзандагию қанноди. Дар Налчик институтҳои тадқиқоти илмии таърих, забон, фолклор, адабиёт, тадқиқоти илмии геофизикаи баландкӯҳ, иқтисодиёт, унститут, техникумҳои политехникӣ, технологӣ, боғдории ороишӣ, 2 техникуми сохтмон, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, педагогӣ, мусиқӣ ва маданию маърифатӣ ҳастанд. Музейҳои кишваршиносӣ ва санъати тасвирӣ, 2 театри драмаи мусиқӣ ва  филармония мавҷуданд. 3 км дуртар аз Налчик (дар Долинск), дар баландии  500—550 м, курорти балнеологӣ ва иқлимӣ воқеъ аст. Налчик солҳои 1817—1818 ҳамчун истеҳкоми ҳарбӣ бунёд ёфатааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …