Главная / Гуногун / ПОЙСУТУН

ПОЙСУТУН

ПОЙСУТУН, асос ва таҳкурсии сутуни иморат. Пойсутун дар санъати меъмории халқҳои Шарқ маъмул аст. Пойсутун барои аз пӯсидан маҳфуз доштани сутуни чӯбӣ ва барои баландтар бардоштани асоси он истифода мешавад. Пойсутун бештар аз санги мар- мар сохта шуда, бо нақшҳои ислимӣ ва гиреҳ зинат меёбад. Дар гузашта Пойсутунро бештар дар сутунҳои бинои масҷиду анволи хонаҳои истиқоматӣ кор мефармуданд. Намунаҳои зебои ин қисми таркибии санъати меъмориро дар ёдгориҳои меъмории шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Балху Ҳирот, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои бостонӣ дидан мумкин аст. пойдевор дар санъати меъмории муосир низ истифода мешавад.

poysutun

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.