Главная / Гуногун / ПОЯНДАИ ҚОБУЗИИ САМАРҚАНДӢ

ПОЯНДАИ ҚОБУЗИИ САМАРҚАНДӢ

ПОЯНДАИ ҚОБУЗИИ САМАРҚАНДӢ ҳофиз, навозанда ва бастакори асри 16 тоҷик. Дар Самарқанд ба дунё омада, санъати мусиқиро назди Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ ва Ҳасани Кавкабии Самарқандӣ омӯхт. Махсусан, дар сурудани қисматҳои мураккаби мақомҳо маҳорати том дошт ва ӯро бо эҳтиром Ҳофизи Поянда мегуфтанд. Пояндаи Қобузии Самарқандӣ дар мусобиқаи сурудхонӣ, сознавозӣ ва таснифи асарҳои мураккаб дар Мадрасаи Абдуллоҳхони Бухоро бар Маҳмуди Гелонӣ ғолиб омад. Чанд муддат ӯ дар Бухо­ро зиндагӣ кард ва сипас ба Ҳирот рафт. Дар Ҳирот ӯ барои сози қобуз одангҳои «Пешрави Поянда» «Кори Поянда», «Амали Поянда» ва «Қавли Поянда»-ро тасниф кард. Пояндаи Қобузии Самарқандӣ дар шеър низ завқи баланд дошта, матни баъзе таронаҳоро худ менавишт. Дар санъати мусиқӣ шогирдону пайравони зиёд дошт, ки маъруфтаринашон Ҳофизи Қосим ва Аҳмади Қобузӣ буданд. Пояндаи Қобузии Самарқандӣ охири умр ба Самарқанд баргашта, дар ҳамон ҷо аз олам даргузаштааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …