Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЯАФЗОЛ

ПОЯАФЗОЛ

ПОЯАФЗОЛ, афзор, пойафрор, афзорест, ки пойро аз таъсири зарарноки беруна эмин медорад. Пойафзол мардона, занона ва бачагона мешавад. Пеш аз ба Росспя ҳамроҳ шудан дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, одамон асосан мӯза, маҳсӣ, мукак, муккӣ, хомак (шикорчиён), чоруқкафш ва ғайра мепӯшиданд. Баъдтар пӯшидани ботинка, туфлӣ, сандал, шиппак, мӯзаи намади, калӯш ва дигар. Пойафзолҳои махсуси спортиву тиббӣ расм шуд. Ҳоло бисёр просессҳои духти Пойафзол механиконида шудааст. Дарозии патак (қолаби Пойафзол), ки бо штихҳо (1 штих 2/3 см) ифода меёбад, андозаи (номери) Пойафзолро нишон медиҳад. Масалан, дарозии патаки Пойафзоли андозааш 36, ба 36 штих баробар аст. Дар СССР (мувофиқи ГОСТ —3927—64) андозаи Пойафзол аз рӯи дарозии кафи по (см) муайяи карда мешавад. Мувофиқи он Пойафзоли кӯдакона (аз 17 то 25 см), занона (22—28 см), мардона (25,5—31,5 см) ва ғайра мешавад.

poyafzol

Пойафзол асосан аз рӯкаш ва тагчарм иборат аст. Барои ҷузъҳои рӯкаш пӯсти даббоғии табии (сахтиён), пӯсти сунъӣ ва ғайраро истифода мекунанд. Ба синфати тагчарм пӯст, резина, материалҳои капронӣ поливинилхоридӣ, полиэтиленӣ ва дигарро ба кор мебаранд.

Техлологияи дӯхти Пойафзол: буридани материал, тайёр кардани ҷузъҳо барои пайвастан (ҷузъҳои чарми сунъӣ ба фабрикаи Пойафзол дар шакли тайер оварда мешаванд), дӯхта пайваст кардани ҷузъҳо бо рӯкаш. Рӯкашро бо тагчарм бо усулҳои гуногун, маъмултараш усули химиявӣ (бо ширеш, вулканизатсияи гарм, рехтагарӣ) ва ресмон пайваст мекунанд.

Ад.: 3 ы б и н Ю. П.. Конструирование изделия из кожи, М., 1066.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …