Маълумоти охирин

ПОЙ

ПОЙ, узви такя ва ҳаракат. 1) Дар ҳайвонот одатан чун узви ҳаракат хизмат мекунад. Пойи ҳайвоноти гуногун аз ҷиҳати пайдоиш ва сохт аз ҳамдигар фарқ мекунад. Пойи оддитарин параподияҳо, яъне изофаҳои ҷуфти кӯтоҳу мушакии серҳаракати ҳалқакирмҳо мебошанд, ки ҳар кадом аз асос ва ду шоха (шохаи тахтапушт ва шикам) иборат буда, бо мӯи дурушт пӯшида шудааст. Дар бандпойҳо параподияҳо ташаккул ёфта, ба воситаи буғум бо бадан пайваст мешаванд. Тортанакшаклҳо 4 ҷуфт ва ҳашарот 3 ҷуфт Пой доранд. Пой ҳайвонҳои хордадор тоқ ва ҷуфт мешаванд.

poy

Пойи тоқа дар ҳайвонҳои хордадори дараҷаи паст (масалан, мафсид), кирминаи лӯндадаҳонҳо ва моҳиҳо дар намуди чинни пӯстӣ, дар обхокиҳо бошад, дар намуди чинни умумӣ зоҳир мегардад. Ҳайвонҳое, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд, Пойи тоқа надоранд. Пойи ҳамаи онҳо ҷуфт буда, аз се қисм —китф (дар Пойҳои пеш) ё рон (дар Пойи қафо), оринҷ (дар Пойи пеш) ё соқ (дар Пойи қафо) ва панҷа иборат аст. Дар ҷараёни таҳаввулот Пойҳои ҷуфт хеле тағйир ёфтаанд. Масалан, Пойи пеши паррандаҳо ба бол, калтакалосҳои баҳрию белпойҳо ба бел, маймунҳо ба даст табдил ёфтаанд. Дар як қатор ҳолатҳо Пойҳои ҷуфт нест шудаанд. Масалан, Пойҳои қафои китшаклҳо, ду ҷуфти хазандаҳои бепой, баъзе калтакалосҳо, ҳамаи морҳо.

2) Пойи о д а м аз се қисм иборат аст: рон, соқ ва панҷаи пой. Скелети Пойи одам аз устухони рон, устухонҳои калон ва хурди соқ ва устухончаҳои сарпанҷа, кафи пой ва ангуштон ташкил ёфтааст. Пойи одам ба воситаи сараки устухони рон ба устухони кос пайваст мешавад. Дар қисми рон мушакҳои дарзӣ, паҳнои рон, чорсара, дусара ва дар банди Пой мушакҳои сесара, росткунандаи дарози ангуштон, мушакҳои кӯтоҳу дарози соқи хурд ва ғайра ҷойгир шудаанд. Ҳамаи ин мушакҳо вазифаи хаму рост шудани Пойро иҷро мекунанд. Пой ба воситаи артерияи кос аз хун таъмин мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …