Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОТЁМКИН Владимир Петрович

ПОТЁМКИН Владимир Петрович

potyomkinvp

ПОТЁМКИН Владимир Петрович (19. 10. 1874, Твер, ҳозира Кали­нин— 23. 2. 1946, Москва), ходими давлатӣ ва партиявии совет», муаррих, дипломат, аъзои ҳақиқии АФ СССР ва АИП РСФОР (1943). Аз оилаи духтур. Аъзои КПСС аз соли 1919. Соли 1898 факултети таъриху филологияи Университети Москваро хатм кард. Солҳои 1900—1917 дар гимназияҳо ва дигар мактабҳои Москва ва Екатеринослав (ҳозира Днепропетровск) дарс медод.Солҳои 1018—1019 аъзои кол­легияи Комиссариати маъорифи халқи РСФСР. Дар тайёр кардани ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба маорифи халқ фаъолона иштирок кардааст. Солҳои 1918—1920 аъзои Совети ҳарбии револютсионии армияи 6-ум, сардори шӯъбаи сиёсии фронтҳои Ғарбӣ ва Ҷанубӣ; баъди ҷаян мудири шӯъбаи маорифи губернияи Одесса, солҳои 1922—1934 дар корҳои дипломатӣ буд. Солҳои 1937—1940 ҷонишини якуми комиссари халқии корҳои хориҷии СССР, 1940—1946 комиссари маорифи халқи РСФСР. Дар ташкили АИП РСФСР иштирок кард, аз 1943 президенти он буд. Дар асарқои илмиаш ба масъалаҳои таърихи Франсия, ҳаракати коргарии Англия, муносибатҳои байналхалқӣ аҳамияти махсус додааст. Сармуҳаррир ва яке аз муаллифони китоби сеҷилдаи «Таърихи дипломатия» (Мукофоти давлатии СССР, 1942, 1946). Аъзои КМ КПСС аз соли 1939 ва КИМ-и СССР аз 1935. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 1—2). Бо ордени Ленин ва ду ордене дигар мукофотонида шудааст. Дар девори Кремл дафн карда шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …