Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОТЕБНЯ Александр Афанасе­вич

ПОТЕБНЯ Александр Афанасе­вич

potebnya

ПОТЕБНЯ Александр Афанасе­вич (22. 9. 1835, деҳаи Гавриловка, вилояти Полтава—11. 12. 1891, Харков), забовшиноси украин ва рус. Аъзо- корр. АФ Петербург (аз соли 1877). Профессори университети Харков (аз соли 1875). Университети Харковро тамом кардааст (1856). Муҳимтарин асари тадқиқотии ӯ «Тафаккур ва забон» мебошад, ки дар он муносибати тафаккур ва забон аз мавқеи материалистӣ ҳал гардида, ин ду масъала дар алоқамандии ҳамдигар таҳлил шудаанд. Тадқиқоти дигари барҷастаи Потебня «Гузоришҳо доир ба грамматикаи забони русӣ» (ҷилдҳои 1—2, 1874; ҷилди 3, 1899; ҷилди 4, 1941), ки таҳлили материалҳои лексикологӣ, калимасозӣ, морфологӣ ва синтаксисиро фаро мегирад, дар таърихи забоншиносии рус ва славянӣ роли калон бозид. Потебня масъалаҳои грамматикаи забони русиро дар алоқамандӣ бо дигар забонҳои славянӣ ва ҳиндуевропоӣ меомӯхт. Дар тадқиқоти пас аз маргаш ба табъ расидаи ӯ «Аз лексияҳо доир ба назарияи адабиёт» (1894) ва «Қайдҳо оид ба адабиёт» (1905), принсипҳои «поэтикаи лингвист» ба миён гузошта шудаанд, ки дар асри 20 хеле вусъат ёфтанд. Бисёр ақоиди Потебня то ҳанӯз аҳамиятӣ илмӣ доранд. Потебня дар ташаккули маданияти украин хизматҳои намоён кардааст. Институти забоншиносии АФ СССР дар Киев ба номи Потебня мавсум аст.

Ос.: Эстетика и поэтика, М., 1976.

Ад.: Виноградов В. В., А. А. Потебня, дар кит.: История русских линг­вистических учений, М., 1978; Мещер­ский Н. А., А. А. Потебня, дар кит.; Славяноведение в дореволюционной Рос­сии. Биобиблиографический словарь, М., 1979; Пресняков О. П.. Поэтика познания и творчества. Теория словес­ности А. А. Потебни, М., 1980.

А. Горбачевский.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …