Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОСТПОЗИТИВИЗМ

ПОСТПОЗИТИВИЗМ

ПОСТПОЗИТИВИЗМ (аз лотинӣ Post — пас, баъд ва позитивизм), равияест дар соҳаи методология ва мантиқи илми муосир, ки зимни боздиди интиқодии фалсафаи позитивистии солҳои 60 асри мо ташаккул ёфтааст. Намояндагони он Т. Кун, М. Поляни, П. Ачинштейн, П. Фейерабенд, С. Тулмин, X. Патнэм бар хилофи позитивистони мантиқӣ, ки донишҳои инсонро ҳамчун як маҷмӯи тағйирнопазир ва фарорасидаи мафҳумҳо қаламдод карда, аз омӯзиши ташаккулу тараққии ин мафҳумҳо сарфи назар кардаанд, маҳз андешаи методологии таърихи илмро ба мадди назар гузоштаанд (Дар ин бобат махсусан Т. Кун хизмати калон кардааст). Дар зимни ин Постпозитивизм як қатор проблемаҳои муҳими методологиро (аз қабили инкишофу тағйири мундариҷа ва таърифи семантикии истилоҳу мафдумҳои илмӣ, таносуби мафҳумҳо ва назария, сохти консептуалии забон­ҳои илмӣ ва урфӣ, қиёси назарияҳои истисноӣ ё алтернативй, муносибати назария ба таҷриба ва ғайра) ба миён овард. Намояндагони равияи мазкур ба таври қатъӣ набошад ҳам, то андозае аз доираи навпозитивизм баромада, ба дарки ҷиҳати иҷтимоии ташаккули назарияҳои илмӣ гирдохтаанд.

Ақидаи методологии Фейерабенд, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат маҳдуд аст, ки ӯ забонро аз ҷумлаи падидаҳои иҷтимоию таърихи намедонад. Забонро аз амалияи ҷамъиятӣ ҷудо карда Фейерабенд ба хулосаи нодурустӣ гносеологӣ меояд. Аз тарафи дигар, вай ба Кант пайравӣ намуда, мегӯяд, ки факт новобаста ба ину он назария умуман вуҷуд дошта наметавонад. Рост аст, ки дар як истилоҳ ба системаи муайяни донишҳо, яъне ба контексти назарияе марбут аст ва ин ҷиҳат мундариҷаи ҳамон як мафдум дар дохили назарияҳои мутафарриқа гуногун аст. Дар просесси гузаштан аз як назария ба дигар назария истилоҳҳо ҳатман мазмуни худро тағйир медиҳанд. Лекин аз ин далел ҳаргиз барнамеояд, ки як наза­рия ба дигар назарияи илмӣ ҳеҷ муносибате надорад ва ё ҳеҷ набо­шад қобили муқоиса нест. Ворисият ва равобити назарияҳоро эътироф накарда ва ҷиҳати инкорро дар инкишофи донишҳои илмӣ ба тав­ри мутлақ маънидод намуда, баъзе намояндагони Постпозитивизм (Кун ва дигарон) рост ба релятивизми фалсафӣ меоянд.

Дигар постпозитивистон низ бо вуҷуди баъзе нукоти ҷолиби диққате, ки дар навиштаҳои худ баён намудаанд, масъалаи ташаккул ва тараққии дониши илмиро ба таври бояду шояд ҳал карда натавонистанд. Чунончи, С. Тулмин инкишо­фи илмро ба сурати инкишофи зоти биологӣ дароварда, дар натиҷа ягон ҷиҳати муҳими тараққиёти донишро ошкор карда натавонист. Проб­лемаи ворисият ва робитаи наза­рияҳоро фақат зимни таҳлили диалектикии инкишофи мафҳум (тағйиротҳои сифатию миқдории он) ҳал кардан мумкин аст. Сарфи назар аз маҳдудиятҳои фалсафӣ консепсияи методологии Постпозитивизм ҷолиби диққат аст. Постпозитивистон маърифатро ҳамеша дар инкишоф, дар ҷараёни якдигарро иваз намудани назарияҳо ва дар муборизаи ақидаҳои мутазод мебинанд. Постпозитивистон инчунин омили муҳим будани маърифати назариро дар қиёси он ба дониши таҷрибавӣ эътироф менамоянд. Муборизаи методологии онон (махсусан Т. Кун, Фейерабенд, П. Ачинштейн) бар зидди аҳкомпарастӣ дар илму фалсафа дар кори бартараф сохтани боқимондаҳои позитивизми мантиқи холӣ аз арзиш нест.

Ад.: Кун Т., Структура научных революций, пер. с англ., М., 1977; Стррс- тура и развитие науки, пер. с англ., м., 1978; швырев В. С., Эмпирическое и теоретическое в научном поэнании, М., 1978; Feyerabend Р. К., Explanation, Re­duction and Emprlclsn. «Minnesetta Studies fin the philosophy of Science», .Vol. 3, Min­neapolis, 1962; хам он му а ял.. Aga­inst Mefhod. Outline of an Anarchistic The­ory of Knowledge — In: Minnesotta studies In the Phliosophy of Science. Vol. 4. Minneapolis 1970.

Ҷ. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …