Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОСТОВСКИЙ Исаак Яковлевич

ПОСТОВСКИЙ Исаак Яковлевич

postovskiy-i-ya

ПОСТОВСКИЙ Исаак Яковлевич (таваллудаш 17. 03. 1898, Одесса), химик-ор­ганики советӣ, акад. АФ СССР (1970).

Соли 1924 Мактаби олии техникии Мюнхенро хатм карда, дар ҳамон  ҷо дар лабораторияи Г. Фишер кор  кардааст. Аз соли 1926 мудири кафедраи химияи органикии Институти политехникии Урал. Тадқиқоти илмии Постовский ба омӯзиши химияи ангиштсанг ва кашфи нефти Урал, дар соҳаи химияи органикии назариявӣ бошад, ба синтези пайвастҳои фаъоли физиологӣ, аз ҷумла пайвастҳои гетеросиклии нитрогендор бахшида шудаанд. Постовский соли 1936 (якҷоя бо Л. Н. Голдирев) нахустин препара­ти фаъоли сулфамидӣ — сулфидинро кашф намуд. Солҳои Ҷанги Бу­зурги Ватанӣ (1941—1945) дар ташкили истеҳсоли саноатии препаратҳои сулфамидӣ иштирок кард. Вай дар солҳои баъди ҷанг ба омӯхтани пайвастҳои фтороорганикӣ шуғл варзид. Постовский лауреати Мукофоти давлатии СССР (1962 ва 1963) мебошад. Бо ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …