Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОСТИШЕВ Павел Петрович

ПОСТИШЕВ Павел Петрович

postishev-p-p

ПОСТИШЕВ Павел Петрович (тахаллусаш партиявиаш Ермак) (18. 9. 1887—26. 2. 1939), ходими партиявии советӣ. Аз оилаи коргари бофанда. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1904. Дар ҳаракати револютсионӣ аз соли 1901 ширкат дошт. Аз соли 1905 депутат Совет депутатҳои коргарони Иваново-Воз- песепск. Соли 1900 аъзои Комитет партявии шаҳри Ива­ново, охирҳои 1907—1908 аъзои бюрои Комитет округии РСДРП. Соли 19081 ҳабс ва маҳкуми каторга гардид, 1912 ба губернияи Иркутск абадан бадарға карда шуд. Солҳои 1914—1917 аъзои бюрои партиявии (РСДРП) Иркутск. Аз март 1917 депутат, аз август ҷонишини раиси совет Иркутск, раиси Бюрои марказии Иттифоқҳои касаба. Аз 1917 аъзои Комитет ҳарбию револютсионии (КҲР) Иркутск, ташкилотчии отрядҳои Гвардияи Сурх. Соли 1918 ра­иси Трибунали револютсионӣ, аъзои Сентросибир. Дар давраи Ҷанги гражданӣ (1918—1920) дар пинҳонкорӣ буда, ба отрядҳои партизании Приамурия роҳбарӣ мекард. Соли 1920 намояндаи КМ РКП (б) оид ба минтақаи Хабаровск, номзад ба аъзоии Бюрои КМ РКП (б) оид ба Шарқи Дур. Солҳои 1921—1922 намояндаи ҳукумати Республикаи Шарқи Дур (РШД) оид ба вилояти Прибайкалия аъзои Совети ҳарбии Фронт Шарқии РШД; комиссари вилоятии адлияи ҳукумати РШД дар Верхнеудинск, раиси Комиҷроияи губернияи Прибайкалия. Аз соли 1923 дар кори партиявӣ — дар Украина буд. Солҳои 1924—1925 котиби Комитети партиявии губернияи Киев, баъдтар котиби Комитети партиявии округи Киев, 1926—1930 котиби Комитети партиявии округи Харков ва котиби Комитети партиявии шаҳри Хар­ков; соли 1925 аъзои КМ ва номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсии КМ ПК (б) Украина, 1926—1930 аъаои Бюрои Сиёсӣ, Бюрои ташкилӣ ва котиби КМ ПК(б) Украина. Солҳои 1930—1933 ко­тиби КМ ВКП(б), аъзои Бюрои ташкилии КМ. Дар айни замон солҳои 1933-1937 котиби КМ, аъзои Бюрои сиёсӣ ва Бюрои ташкилии КМ ПК (б) Украина ва аз соли 1934 котиби Коми­тети партиявии вилояти Киев. Солҳои 1937—1938 котиби Комитети партия­вии кишвари Куйбишев. Вакили съездҳои 11, 13—17-уми ВКП(б); дар Съезди 14-ум номзад ба аъзоии КМ, дар съездҳои 15—17-ум аъзои КМ ВКП(б) интихоб шуд; солҳои 1934-1938 номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсии КМ ВКП(б)- Аъзои Президиуми КИМ-и СССР. Бо ордени Ленин ва ордени Байрақи Сурх мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …