Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОСЛАВСКИЙ Иля Титович

ПОСЛАВСКИЙ Иля Титович

ПОСЛАВСКИЙ Иля Титович (2. 8. 1853—13. 11. 1914 Тошкент), археолог-кишваршиноси рус, муҳаққиқи Осиёи Миёна. Пославский Гимназияи классикии Вилен, Омӯзишгоҳи дуюми ҳарбии Константинов ва Академияи инженерии Николаевро хатм намудааст. Тамоми умр дар вазифаҳои инженерии ҳарбӣ хизмат кардааст. Аз соли 1903 сардори Управленияи инженерии ҳарбии Округи ҳарбии Туркистон буд. Пославский бо набототу географияи кишвари Туркистон шинос шуда, ба омӯзиши ёдгориҳои қадима шуғл варзид. Декабри 1899 ба Кружоки дӯстдорони археологияи Туркистон аъзо шуд. Пославский  соҳиби яке аз коллексияҳои бойтарини ашёи қадимаи Осиёи Миёна буд. Соли 1887 Пославский харобаҳои байни стансияҳои Яккатут ва Қароқӯл (Қуня-Пайканд)- ро муқаррар намуд. Соли 1895 оид ба димнаҳои Тирмиз ахбороти муфассал дод. Иншооти меъмории хитатипухтагини наздики Гургонро, ки бо номи Гумбади Кобуз маълум аст, тавсиф намуд. Пославский ҳамроҳи В. Л. Вяткин ва дигарон Эзоҳномаи лоиҳаи программаи кори Шӯъбаи таърихи Комитет оид ба тавсифи ёдгориҳои қадимаи Самарқанд ва ҳаволки онро тартиб дод (1896). Пославский дар асарҳояш баъзе районҳои вилояти Ҳафтрӯдро низ муфассал тавсиф кардааст. Коллексияи нумизматӣ (тангаҳо, сиккаҳо) ва баъзе ашёҳои қадимаи гирдовардаи Пославский дар Музеи таърихи шаҳри Тошкент маҳфузанд.

Ос.: П о с л а в с к ий И. Т„ Бухара, Описание города и ханства. Сборник географических, топографических и статистических материалов по Азии, т. 18, СПб, 1891; О мавзолее с надписями на нем в развалинах г. Термеза. ПТКЛА год 2—Ташкент, 1897; О находках в Ханабаде к вообще в районе нижнего течения р. Чирчика — ПТКЛА, год 3, Ташкент, 1908.

Ад; Историография общественных на­ук в Узбекистане, Ташкент, 1974.

  1. A. Қодupoв.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …