Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЗИТИВИЗМ

ПОЗИТИВИЗМ

ПОЗИТИВИЗМ (франсавӣ positivisme—аз лотинӣ positivus — мусбат), як равияи фалсафаи буржуазист, ки фақат натиҷаи таҳқиқоти илмҳои конкретиро дониши аслӣ (позитивӣ) медонад; бино ба Позитивизм, илм мӯҳтоҷи ягон фалсафае нест ва зотан худаш ба худаш фалсафа аст. Ҷиҳатҳои асосии Позитивизм феноменализм (вазифаи илмро аз тавсифи ҳодисот иборат донистан) ва майлест ба идеализми субъективӣ.

Позитивизм ҳамчун ҷараёни махсуси фалсафӣ солҳои 30 асри 19 ташаккул ёфтааст (асосгузораш О. Конт аст, ки худи истилоҳи Позитивизм ба қалами ӯ тоаллуқ дорад). Аммо ба Позитивизм унсурҳои материализми илмию табиатшиносӣ низ мансуб аст. Конт ба маорифпарварони асри 18 франсавӣ пайрави карда, ба инкишофи беинтиҳо қобил будани илм изҳори боварӣ намуда буд.

Позитивизм ба методологияи илмҳои табиатшшюсию ҷамъиятшиносӣ (хусусан нимаи дуюми асри 19), аз ҷумла сотсиология, ҳуқуқ, иқтисоди сиёсӣ, историография, адабиётшиносӣ ва ғайра таъсири зиёд расонд.

Позитивизм аз се марҳилаи инкишофи таърихӣ гузаштааст: Позитивизми классики, ки дар асри 19 (намояндагонаш Конт, Литтре, Вирубов, Спенсер) пайдо шуда, дар натиҷаи прогресси донишҳои таббию илмӣ нуфузи худро аз даст додааст: Позитивизми эмпириокрититсизм ё махизм, ки дар асри 19—20 дар давраи инқилоб дар илмҳои табиатшиносӣ ба вуҷуд омадааст. Позитивизми махистӣ вазифаи фалсафаро дар ба вуҷуд овардани назарияи маърифати илмӣ медонад, ки решаҳои ғоявии он аз идеализми субъективии Ҷ. Беркли ва Д. Юм ғизо гирифтааст. Минбаъд ин равия инкишоф ёфта, дар солҳои 20 ба неопозитивизм табдил меёбад, ки он зотан марҳилаи сеюми позитивизиро тапшил медиҳад.

Ад.: Л е н и н В. И., Материализм ва эмпириокрититсизм. Ас., ҷ. 14; Нвр- с к и й И. С.г Очерки по истории позитивизма, М., 1960; К о н И. С., Позитивизм в сотсиологии, Л., 1964.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …