Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Посёлкаи Орзу

Посёлкаи Орзу

Орзу, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 26 марти 1966) дар pайони Колхозободи вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхози «Гулистон». Аз Орзу то маркази район 20 километр. Аҳолиаш 8300 нафар (1981), то­ҷикон, ӯзбекҳо, русҳо ва дигар.

Дар посёлка 2 мактаби миёна, 2 мактаби 8-сола, 4 мактаби ибтидоӣ, интернат, 4 китобхона, 2 боғчаи бачагон, касалхона, дорухона, кинотеатр, 13 ма­газин, 3 ошхона, чойхона, нонвойхона, инчунин сехҳои дӯзандагӣ, таъмири пойафзол ва устохонаи оҳангарии комбинати хизмати маишии район мавҷуданд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, лимупарварӣ, чорводорӣ ва боғу токдорӣ. Замниҳо аз дарёи Вахш ба воситаи насосҳо обёрӣ мешаванд

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …