Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Посёлкаи Октябр

Посёлкаи Октябр

Октябр, посёлкаи типи шаҳрӣ, маркази райони  Коммунистии вилояти Қурғонтеппа. Дар сари рохи мошингарди Вахш — Қӯрғонтеппа воқеъ аст. Аз Октябр то наздиктарин стансияи роҳи оҳан— Қурғоптеппа 16 килолметр. Аҳолиаш 4600 нафар (1981), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо ва ғайра.

Мактаби миёна, хонаи маданият, кинотеатр, китобхона, 2 боғчаи бачагон, шӯъбаи алоқа, касалхона, дорухона, комбинати хизмати маишӣ, 13 нуқтаи савдо ва ғайра дорад. Дар Октябр редаксияи газетаи районӣ, идораи хоҷагии об, пунктҳои қабули пилла ва пахта, Иттиҳодияи байнихоҷагии гӯсфандпарварӣ, Управленияи роҳсозии ра­қами 32, Колоннаи сайёри механиконидашудаи рақами 7, пункта вете­ринарӣ, филиал дар Қӯрғонтеппа будаи стансияи хизмати техникии мошин- ҳои сабукрав низ ҷойгиранд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, боғу токдорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

Октябр соли 1937 ҳамчун деҳа бунёд гардида, то соли 1959 маркази собиқ райони Октябри вилояти Қӯрғонтеппа буд. Солҳои 1959—67 — маркази Совети қишлоқи Ок­тябр, аз 25 ноябр 1967 — посёлкаи типи шаҳр ва маркази С. п. Октябр, аз 17 октябр 1980 — маркази pайони Коммунистӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …