Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Посёлкаи Октябр

Посёлкаи Октябр

Октябр посёлкаест дар райони Куйбышеви вилояти Қурғонтеппа, мар­кази Совети қишлоқи Октябр. Территорияи совхози ба но­ми Илич. Аз посёлка то маркази район 12 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1230 нафар (1981), тоҷикон, русҳо, ӯзбекҳо.

Мактаби миёна, 3 китоб­хона, клуб, пункта тиббӣ, боғчаи бачаҳо, магазин, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ, цехи либосдузӣ до­рад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ ме­шаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …