Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Посёлкаи Нов

Посёлкаи Нов

Нов, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 9 феврали 1944), маркази райони Нови вилояти Ленинобод. Стансияи роҳи оҳан дар хати Хавос — Қӯқанд. 36 км. ҷануб ғарбтар аз шаҳри Ленинобод воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 12158 нафар (1982). Дар Нов заводҳои пахтатозакунӣ, асфалту бетон, инчунин заводи «Ленинободселмаш», комбинатҳои масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти ғалладона ва хизмати маишӣ, филиали фабрикаи шоҳбофии шаҳри Ле­нинобод, АТС, 4 мактаби (миёна, мактаб-интернат, мактаби шабонаи коргарҷавонон, 5 китобхона, 6 клуб, кинотоатр, қасри маданият, театри дра­ма, касалхонаю таваллудхона, поли­клиника, пункти тиббӣ, дорухона, меҳмонхона, ресторан, 8 ошхона, пуктаҳои савдо, почта, телефону те­леграф мавҷуданд. Боғи истироҳат дорад. Ба хотираи барқароркунандагони Ҳокимияти Советӣ дар Нов ва фидоиёни Ҷанги Бузурги Сатанӣ муҷассамаи ёдгорӣ гузошта шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …