Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОРУХОНА

ПОРУХОНА

ПОРУХОНА, биноест дар фермаҳои чорводорӣ барои ҷамъ намудан ва нигоҳдории пору. Намуду сохти Порухона (кушоди рӯизаминӣ кушоди чуқури заминӣ, ки деворҳо ва фар­шаш бо масолеҳи намногузар пӯ­шида шудааст; болопӯшида, ки девору фаршаш андова шудааст ва ғайра)-ро аз рӯи миқёси фермаҳои чорводорӣ мавқеи ҷойгирии онҳо нисбат ба маҳалли аҳолинишинӣ, шароити иқлим, хосияти хок ва ғайра муайян мекунанд.

poru

Оддитарин Порухонаи кушоди рӯизаминӣ барои поруи сахт ӯраест, ки чуқуриаш 0,5 м аст. Дар ноҳияҳои камбориши ҷанубӣ ва ҷанубу шарқӣ Порухонаҳавзаҳо месозанд, ки дар онҳо нисбат ба Порухонаи рӯизаминӣ ҳангоми пӯсиши пору моддаҳои органикӣ кам талаф меёбанд. Дар ноҳияҳои хунуки зимистонаш дароз Порухонаи болопӯшида дар шакли зеркан ё хай­дақҳои дароз дар зери фарши бинои фермаҳои чорводорӣ сохта ме­шавад. Ғунҷоиши Порухонаро вобаста ба саршумори ҳайвонот, давомати мавсими дар оғил парвариш ёфтан, самаранокии истифодаи воситаҳои механиконӣ ва инчунин тайёр будани пору барои ба хок андохтан (бақору тобистон баъди 2—3 моҳ, зимистон пас аз 3—4 моҳ тайёр мешавад) муайян мекунанд. Порухонаҳои самарабахш барои на кам аз 3 моҳ нигоҳ доштани пору дар бинои фермаҳои чорводорӣ ва минбаъд ба киштзор кашондани он имкон медиҳанд. Дар натиҷа қисми зиёди пору дар рӯзҳои холии зимистон ба замин кашонда мешавад. Одатан Поруҳое, ки дар назди фермаҳо сохта шудаанд, барои 15—40%-и поруи зимистонӣ ғунҷоиш доранд, Порухонаҳои саҳроӣ — 60-75%.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …