Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ПОРТРЕТ (дар адабиёт)

ПОРТРЕТ (дар адабиёт)

ПОРТРЕТ дар адабиёт, тасвири симо, қаду баст, сару либос ва умуман зоҳири қаҳрамон дар асари ба­деӣ. Портрет дар асари бадеӣ хусусият, мавқеъ ва вазифаҳои гуногун дорад. Портрет ягон сифати асосӣ ё тасвири муфассалу ҳаматарафаи зоҳири персонажро дар бар гирифта метавонад. Масалан, устод Аинӣ Портрети ҳаҷвии Қорӣ Ишкамбаро дар повести «Марги судхӯр» чунин тасвир кардааст: «Ӯ як одами миёнқади сергӯшти гарданкӯтоҳ буд. Ғафсии сару рӯяш ҳам ба дараҷае буд, ки аз ғафсии ишкамаш қариб фарқ надошт. Агар риши ғулии паҳн ва дарози ин одамро бо мӯйсари баланд расидааш тарошида партоянд ва либосҳояшро ҳам аз танаш кашида гиранд, сару тани ин одам дар як ҷо ба ишкамбаи шутур монандӣ пайдо мекард. Ғояташ ин ки аз вай калонтар ва рангаш сурхчатар менамуд ва бо хуки фарбеҳи бордори пашмрехта «як себу ду тақсим» шу­да мемонд». Дар адабиёт Портрети пси­хологӣ бештар мушоҳида мешавад. Дар Портрети психологи нависанда ба воситаи тасвири зоҳири қаҳрамон ҷаҳони ботинӣ ва характери ӯро ошкор мекунад. Дар ин тарзи Портрети нависанда метавонад тавассути нишонаҳои фардии як шахс аломатҳои умумии муҳити муайяни иҷтимоӣ, шуғл ва мансубияташро ба инсон табақаи иҷтимоӣ ошкор созад. Намунаҳои барҷастаи Портрети психологӣ дар эҷодиёти Айнӣ, Ҷ. Икромӣ ва дигарон ба назар мерасад. Тарзи тасвири Портрет дар асари бадеӣ гуногун аст. Баъзе нависандагон Портрети қаҳрамони худро ба таври мукаммал, дар оғози воқеаҳои асар, дигарон дар лавҳаю лаҳзаҳои гуногуни ҳикоя, повест, роман ва ғайра ба миён меоранд. Портрет дар офаридани образи бадеи мавқеи калон дорад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …