Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОРТО-НОВО

Шаҳри ПОРТО-НОВО

ПОРТО-НОВО (Porto Novo), пой­тахти Республикаи Халқии Бенин. Маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар соҳили халиҷи Гви­нея воқеъ гаштааст. Иқлимаш эк­ваторӣ; ҳаpopати миёнаи январ 27,7°С, июл 25,3°С; боришоти солона 1590 мм. Аҳолиаш қариб 160 ҳазор нафар (1981). Порто Ново,— бандари баҳрӣ, стансияи роҳи оҳан, узели роҳҳои автомобилгард. Корхонаҳои коркарди нахустини маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, саноати хӯрокворӣ (заводҳои равған, собунпазӣ ва ғафра) дорад. Ҳунармандию косибӣ ва моҳидорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Дар ат­рофи шаҳр плантатсияҳои дарахтони нахл, чормағзи заминӣ мавҷуданд. Соли 1962 дар Порто-Ново институти адлия (нахустин донишкадаи олӣ дар Бенин) кушода шуд. Китобхонаи миллӣ, музеи этнографӣ ҳаст.

porto-novo

Порто-Ново аз асри 17 маълум буда, дар ҳамон вақтҳо Аҷаче ном дошт. Аз соли 1893 маркази маъмурии мустамликаи Франсия. Аз 1 августи 1960 пой­тахти давлати мустақили Дагомея (ҳоло Бенин).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …