Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОРТУ АЛЕГРИ

Шаҳри ПОРТУ АЛЕГРИ

ПОРТУ АЛЕГРИ (Porto Alegre), шаҳрест дар ҷануби Бразилия, маркази маъмурии штати Риу-Гранди-ду- Сул. Аҳолиаш 870 ҳазор нафар (1970). Бандари баҳрӣ дар соҳили кӯл-лагунаи Патус, стансияи роҳи оҳан, маркази му­ҳими иқтисодии ҷануби мамлакат. Дар Порту -Алегри корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (гӯшт, орд, равған, вино), бофандагӣ (матоъҳои пашмин), чарму пойафзол, тамоку, чӯбгарӣ, инчунин металлургӣ, мошинсозӣ (аз ҷумла электротехникӣ), таъмири киштӣ, химия, стансияи электрии олавӣ мавҷуданд. Ба хориҷа гӯшт ва дигар маҳсулоти чорво, тамоку, биринҷ мебарорад. 2 университет дорад. Шаҳр соли 1742 бунёд ёфтааст.

porto-alegre

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …