Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Шоҳии Порт

Шоҳии Порт

ПОРТ, шоҳии Порт, давлате, ки тақрибан  соли 250 то мелод дар Ҷануб ва ҷанубу шарқи баҳри Хазар, баъди суст шудани империяи Селевкиён ва ба Порт за­да даромадани қабилаҳои бодиянишини сакоии парнҳо асос ёфта, то солҳои 20 асри 3 вуҷуд дошт. Вилояти Порт аз асри 7 то мелод ҳамчун сарзами­не, ки дар шарқи баҳри Хазар воқеъ буд, маълум аст. Портҳо ба модиҳо наздик буда, забонашон ба гурӯҳи за­бонҳои аронии ғарбӣ мансуб буд. Порт якчанд муддат ба ҳайати Мод, дертар ба давлати Ҳахоманишиён дохил мешуд. Дар аввали ҳукмронии Дорои I дар Порт шӯриши калон cap зад. Портро Искандари Мақдунӣ низ ба империяи худ ҳамроҳ кард. Соли 209 то мелод Антиохи Ш. Портро ба империяи Селевкиён тобеъ намуд. Дар миёнаи асри 3 то мелод Порт мисли як қатор вилоятҳои дигари шоҳии Порт аз ҳайати империяи Селевкиён баромад. Дар ин давра дар даштҳои Наздикаспий ва ноҳияҳои атрофи он иттиҳодияи қабилаҳои кӯчманчии даҳҳо ташкил ёфт ва роҳбари он Аршак соли 247 то мелод худро шоҳ эълон кард. Солҳои 30 асри 3 то мелод дахҳо Портро забт намуда, шоҳи он Андрагорро куштанд. Баъди забти Порт дахҳо дар ин сарзамин маскан гирифтанд, бо аҳолии маҳаллӣ омехта шуда, дину забони онҳоро қабул карданд ва дар ин ҷо пойтахти ав­валини худ Гекатомпилро бунёд намуданд. Аз ҳамин сабаб давлати ташкилкардан дахҳо коми Портро гирифт. Аввалҳо ба ҳайати Порт танҳо вилояти Порт ва сарзаминҳои ат­рофи он (ҷануби шарқи баҳри Хазар) дохил мешуданд. Портиҳо барои мустаҳкам намудани сарҳади худ дар Ғарб бо империяи Селевкиён, дар Шарқ бо Юнону Бохтар мубориза мебурданд. Митридати I тақрибан солҳои 170— 188/137 то мелод сатрапияҳои шарқии Селевкиён — Мод, қисми зиёди Байнаниаҳрайн, Элимаида, Форс ва қисми шоҳии Юнону Бохтарро забт кард (136 то мелод). Вале дар натиҷаи шӯришҳои шаҳрҳои юнонии Байнаннаҳрайн ҳаракати забткоронаи Порт боздошта шуд. Аз ниман дуюми асри 2 то мелод ҳуҷуми кӯчманчиён аз Шарқ ба Порт пурзӯр шуд. Дар муборизаи зидди кӯчманчиён ду нафар шоҳи портиҳо ҳалок гардиданд. Селевкиён дар Ғарб барои баргардонидани вилоятҳои Эрон мекӯшиданд. Дар асри 1 то мелод Порт дар аҳди Митридати II аз нав давлати тавоно гардид. Территорияи он аз Фурот то Мар­ғиёну Арахосия ва ҳатто Ҳиндустони Ғарбиро дар бар мегирифт. Шоҳони Порт ба сарҳади ғарбӣ диққати махсус медоданд ва пойтахти худро аввал ба Экбатана (Ҳамадон), баъдтар ба Ктесифон (Тайсафун) кӯчонданд.

port

Ибтидои асри 1 то мелод портиҳо бори на­хуст бо римиён рақобат карданд (то ин вақт римиён дар Шарқ рақиби баробари худро надоштанд ва аввалҳо ба Порт диққати махсус надоданд). Соли 92 то мелод давлатҳои Рим ва Порт шартнома бастанд, ин мувофиқи он сарҳади байни онҳо дарёи Фурот муайян карда шуд. Дар аҳди шоҳи Порт Ороди II армияи Рим ба Байнаннаҳрайн зада даромад. Римиён соли 53 то мелод дар муҳорибаи Карра шикасти сахт хӯрда, аз мақсади забти вилоятҳои Порт даст кашиданд. Дар Осиёи Ғарбӣ системаи «дуализми сиёсӣ», яъне ҳукмронии ду қувваи сиёсӣ — Рим ва Порт ҷорӣ шуд. Муборизаи байни Рим ва Порт асосан барои сарзамини Арманистон ва Байнаннаҳрайни Шимолӣ давом мекард. Портиҳо солҳои 40—39 то мелод қариб тамоми Сурия ва қисми зиёди Осиёи Хурдро забт намуданд. Римиён солҳои 39—38 ин территорияҳоро аз нав ба худ тобеъ намуданд.

Ибтидои асри 3 мелод ба муқобили Порт вилояти Форс барои мустақилият мубориза бурд. Соли 224 мелод дар задухӯрди байни Ардашери Сосонӣ ва шоҳи Порт Артабони V, ки дар ҳамвории Ҳурмуздаҳана ба вуқӯъ омад, портиҳо торумор карда шуданд. Баъди ин муҳориба агарчанде писари Артабони V — Артабоз барои ҳокимият муддате мубориза бурд, шоҳии Порт таназзул ёфта барҳам хурд.

Сохти сиёсии Порт мураккаб буд. Дар сари давлат шоҳ меистод. Ҳокимияти вай меросӣ набуд. Ӯро ашроф аз байни авлоди Ашкониён (ниг. Ашкониёни Порт) интихоб мекарданд. Дар Порт ашроф роли бағоят калонро мебозиданд. Давлат ба сат­рапияҳо тақсим мешуд. Ба ҳайати он ҳафдаҳ шоҳии ниммустақил, инчунин ба сифати воҳидӣ махсуси маъмури полисҳои Юнон ва шаҳрҳои мустақили Бобул дохил буданд. Ҳамаи ин мулкҳо ва шаҳрҳо маркази ошӯбҳо ба шумор мерафтанд.

Аҳолии полисҳои юнонӣ бисёртар дар замони ҷангҳои портиҳову римиён шӯриш бардошта, ба тарафи римиён мегузаштанд. Шоҳони Порт баъди пахш кардани шӯриши зиддипортӣ дар Солевкия (соли 43 то мелод) мухторияти полисҳои юнониро бар­ҳам доданд, вале аз ӯҳдаи то охир тобеъ кардани ҳамаи мулкҳо набаромаданд. Вилоятҳои Марғиён, Сакистон (Систон), Гургон, Элимаида, Форс, Ҳарокан тобеи Порт ба ҳисоб раванд ҳам, дар амал мустақил бу­данд. Қувват гирифтани шоҳии ниммустақили Форс ба пароканда шудани Порт оварда расонд.

Таркиби иҷтимоии Порт хеле гуногун буд, ки он то ҳол дар илм пурра аниқ карда нашудааст. Порт ба ду қисми аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва маданӣ мухталиф — вилоятҳои Эрон Ва Байнаннаҳрайн тақсим мешуд. Ихтилофи онҳо асосан дар мубориза барои тахти шоҳӣ зоҳир мегардид. Як гурӯҳи довталабони тахти шоҳ ба ашрофи вилояти Эрон ва кӯчмавчиёни Осиёи Миёна, гурӯҳи дигарашон ба шаҳрҳои юно­нии Байнаннаҳрайн ва римиён такя менамуданд.

Дар вилоятҳои шарқӣ хоҷагии қишлоқ хеле инкишоф ёфта, қисми асосии аҳолиро деҳқонони озод, аъзоёни ҷамоан деҳот ташкил мекарданд. Аъзои ҷамоа замини худро танҳо бо розигии ҳамсоян худ фурӯхта метавонист. Дертар деҳқонон ба ашроф — «озодҳо» ва феодалон тобеъ гаштанд. Ғуломдорӣ дар мамлакат суст ривоҷ ёфта, танҳо дар вилоятҳои ғарбӣ (Бобулистон, Байнаннаҳрайн, Элимаида) роли калон мебозид. Маълумоти архивӣ аз Нисо ёфташуда дар бораи васеъ паҳн шудани андози натуралӣ ва пули, инчунин тараққиёти хоҷагии қишлоқ дар Порт шаҳодат ме­диҳанд. Деҳқонон ғайр аз деҳқони инчунин ба токпарварӣ машғул мешуданд. Ҳунармандӣ ба дараҷаи баланд ривоҷ ёфта буд. Қолинҳои Порт ва маснуоти фулузии Марғиён дар Шарқ шӯҳрат доштапд. Аз ҳудуди Порт Роҳи бузурги абрешим мегузашт. Тоҷирони Порт ба Рим пӯст, матоъ, оҳан ва махсусан абрешим мебурданд. Онҳо бо Хитой, Палми­ра, Арманистон, Миср ва Фаластин низ савдо мекарданд. Ба воситаи роҳҳои хушкигард ва баҳрӣ савдо бо Ҳиндустон хело васеъ ба роҳ монда шуда буд. Аз Ғарб маҳсулоти ҳунармандӣ, аз ҷумла шиша меоварданд.

Маданият дар Порт шакли муаёяне надошт. Дар асрҳои аввали мавҷудияти давлат маданияти эллинии шаҳрҳои юнонӣ ва аҳолии мадаллӣ аз ҳам ҷудо инкишоф меёфтанд. Аз миёнаи асри 1 мелод cap карда омезиши ин ду маданият cap шуд, ки он ба ташаккули якчанд намудҳои санъати Порту Юнон оварда расонд. Дар ибтидо санъати Порт ҳамчун яке аз шохаҳои маданияти эллинӣ ба шумор мерафт. Минбаъд унсурҳои санъ­ати эллинӣ қисман аз байн рафта, қисман аз тарафи аҳолии маҳаллӣ такмил дода шуд. Маъбадҳои қисми шарқии Порт ба оташкада монанд буданд (маъбади Тахти Ҷамшед, асри 3 то мелод). Дар атрофи қасри марказӣ биноҳои гуногуни айвондор месохтанд. Дар қатори асарҳои пластикии эллинӣ, дар қисми шарқии Порт муҷассамаҳои маҳаллии хурди гулдор (дар биноҳои Нисо), пластикаи хурд (дар Марғиён) маъмул буданд. Дар Ниппура маъбадҳои типи бобулистонӣ сохта мешуданд; таъсири типи юнонию римиро дар маъбад­ҳои Хатра мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар Порт дини ягонаи давлатӣ низ набуд. Аҳолӣ ба худоёни маҳаллӣ, юнонӣ, эронӣ, байнаннаҳрайнӣ ва ғайра. ибодат мекард. Дар вилоятҳои шарқӣ аз даврадои қадим зардуштия паҳн шуда, дар нимаи аввали асри 1 м.ъелодӣ, аз замони онро дастгиӣ кардани шоҳони Порт мавқеаш мустадкам шуд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, дар замони ҳукмронии Вологези I ба як маҷмӯа гирд овардани «Авесто» cap шуд. Дар Порт баланд гардидани мақоми зардуштия минбаъд барои дар давраи Сосониён ба дини давлатӣ табдил ёфтани он заминаи мусоид фароҳам овард. Оид ба таъ­рихи Порт манбаъҳои хаттӣ хело каманд ва аз ин рӯ барои муайян намудани ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии Порт бозёфтҳои археологӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд. Алҳол архсологҳо димнаҳои зиёди шаҳрҳои қадимаи Порт (Дура-Ёвропос, Хатра, Ссловкия, Ошур, Шуш, Кӯҳи Хоҷо)-ро тадқиқ карданд. Дар Туркманистони Ҷанубӣ, ки ви­лоятҳои қадимаи Порт ва Марғиён воқеъ гашта буданд, ёдгориҳои зиёд ёфт шуданд. Архсологҳо советӣ дар Нисо боқимондаҳои кушк, маъбад ва хазинаи шод, инчунин осори пурарзиши санъат, боқимондаҳои олоти рӯзгор, яроқ ва архиви шо­ҳони Порт садҳо ҳуҷҷатҳои дар рӯи сафолпораҳо сабтшуда ёфтанд.

Ад.: Массон М. Е., Народы и об­ласти южной части Туркменистана в составе парфянского государства, «Тр. ЮТАКЭ», т. 5, Ашхабад, 1955; Дьяко­нов И. М., Лившиц В. А., докумен­ты иэ Нисы: 1 в. до н. в. Предваритель­ные итоги работы, М., 1.960; Дьяко­нов М. М., Очерк истории древнего Ирана, М., 1961; Кошеле н к о Г. А., Культура Парфии, М., 1966; Б о к щ а п и н А. Г., Пшрфия и Рим, ч. 1—2, М., I960—66; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, М.. 1972; Фрай Р., Наследие Ирана, М., 1972.

И. В. Пьянков.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …