Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОРТ-САИД

Шаҳри ПОРТ-САИД

ПОРТ-САИД, шаҳрест дар шимоли шарқи Республикаи Мисри Араб. Дар соҳили баҳри Миёназамин, дар наздикии даромадгоҳи шимолии кана­ли Суэтс воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии муҳофазаи Порт-Саид. Аҳолиаш 342 ҳазор нафар (.1974). Ба воситаи роҳи оҳан ва роҳҳои мошингард бо маҳалҳои аҳолинишини зонаи ка­нали Суэтс, делта ва водии дарёи Нил алоқаманд аст. Маркази савдою нақлиёти дорои аҳамияти байналҳалқӣ. Аз ҷиҳати муомилоти бор, баъди Искандария ва Суэтс дар мамлакат ҷои сеюмро ишгол мекунад. Корхо- наҳои саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ ва киштисозӣ, амборҳои калон дорад.

port-said

Шаҳр с.оли 1859 бунёд ёфта, номи ҳокими Миср — Саидро гирифтааст. Августи 1882 шаҳрро қӯшунҳои англис ишғол карданд. Порт-Саид яке аз марказҳои ҳаракати зидди Англия ва Зидди империализм мебошад. Шаҳр дар давраи таҷовузи Англияю Франсияю Исроил (5—8 ноябри 1956) сахт зарар дид. Аз соли 1974 аз нав обод кардани шаҳр cap шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …