Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОРТ-ОФ-СПЕЙН

Шаҳри ПОРТ-ОФ-СПЕЙН

ПОРТ-ОФ-СПЕЙН (Port of Spain), пойтахти Республикаи Тринидад ва Тобаго. Дар шимолу ғарби ҷазираи Трини­дад воқеъ гаштааст. Аҳолиаш бо атрофи шаҳр 280 ҳазор нафар (1978). Маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Иқлимаш субэкваторӣ; ҳарорати миёнаи январ 25,8°, июл 2С,7°С: боришоти солона 1910 мм. Порт-оф-Спейт— бандари баҳрӣ, маркази тиҷорату нақлиёт. Аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист. 3аводҳои калони коркарди нефт, химияи нефт, саноати хӯрокворӣ (махсусан истеҳсоли ром), чӯбгарӣ, бофандагӣ, корхонаҳои киштисозӣ ва таъмири киштӣ дорад. Ба хориҷа маҳсулоти нефт, асфалт, қанд, меваҳои ситрусӣ, қаҳва мебарорад. Дар шаҳр Шӯъбаи тринидадии университети Вест-Индия, институти политехникӣ, Ассотсиатсияи технологҳои истеҳсоли қанд ва дигар ҷамъиятҳои илмӣ, Китобхонаи марказии Тринидад ва Тобаго, Китоб­хонаи оммавии Тринидад, Архиви миллӣ, Музеи миллӣ ва нигористони бадеӣ мавҷуданд.

pos

Порт-оф-Спейт дар ҷои Конкерабия ном деҳаи қадимаи ҳиндиҳодо бунёд ёф­тааст. Солҳои 1783—1797 шаҳри асосии мустамликаи Испания дар ҷазираи Три­нидад буд. Соли 1797 ҷазира ба тасарруфи Британияи Кабир гузашт. Аз соли 1962 Порт-оф-Спейт— пойтахти давлати мустақили Тринидад ва Тобаго.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …