Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОРТ-ЭЛИЗАБЕТ

Шаҳри ПОРТ-ЭЛИЗАБЕТ

ПОРТ-ЭЛИЗАБЕТ (Port Elizabeth), шаҳрест дар ҷанубу шарқи Республи­кам Африкаи Ҷанубӣ, дар музофоти Кап. Аҳолиаш бо атрофи шаҳр 469 ҳазор нафар (1970). Узели муҳими роҳи оҳан, бандари калон дар соҳили халиҷи Алгоаи уқёнуси Ҳинд. Ба воситаи байндар ба хориҷа маъданҳои оҳану ман­гал ва меваи растаниҳои ситрусӣ кашонда мешавад. Дар Порт-Элизабет қариб 700 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла автомобилсозӣ, истеҳсоли шинаҳои автомобил, электротехникӣ, химия, бофандагӣ, чармгарӣ, чӯбгарӣ, хӯрокворӣ (консерв, орд) мавҷуданд. Университет (аз 1964) дорад. Порт-Элизабет соли 1820 дар ҷои истеҳкоми ҳарбӣ бунёд ёфтааст.

port-elizabeth

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …