Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ПОРС

Вилояти ПОРС

ПОРС, Форс  вилояти таърихӣ дар ҷануби Эрон, ки Шероз, Истахр, Исфаҳон, Кирмон, Язд ва дигарон ноҳияҳоро дар бар мегирифт. Порсро асри 7 арабҳо забт намуда, шаҳри асо­сии он — Истахрро ба харобазор табдил доданд. Баъдтар шакли арабишудаи он — Форс маъмул гашт. Охири асри 7 яке аз марказҳои ҳаракати хориҷиён гардид. Порс маркази давлатҳои Буиҳо, Салғурҳо, Музафарриён, Зандия ба шумор рафта, Шероз пойтахти онҳо шуд. Истилоҳи «Порс»-ро баъзан ба маънои тамоми ҳудуди Эрон низ истифода мебаранд.

fars-iran

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …