Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОРФИРИ КВАРТСДОР

ПОРФИРИ КВАРТСДОР

ПОРФИРИ КВАРТСДОР, ҷинси кӯҳии эффузивӣ. Порфири квартсдор дар натиҷаи ба рӯи замин баромада хунук шудани магма ҳосил мешавад. Таркибан ба гранит наздик аст. Массаи Порфири квартсдор асосан микрокристаллӣ ё шишамонанд буда, дар он кристаллҳои донамонанди квартс ва шпатҳои даштии ишқорӣ баръало намоёнанд. Дар Тоҷикистон Порфири квартсдор дар кӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Ҳисор ва Помир ёфт ме­шавад. Дар ҷойҳое, ки Порфири квартсдор паҳн шудааст, конҳон қалъагӣ, флюорит ва дигар сарватҳои зеризаминӣ мавҷуданд.

porfiri-kv

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …