Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОРФИР

ПОРФИР

porfir

ПОРФИР (аз юнонӣ porphyreos — сурх, қирмизӣ), номи муштараки ҷинсҳои кӯҳии турши магмавй, ки сохти порфирӣ доранд. Истилоҳи «Порфир» ҳам барои ифодаи ҷинсҳои палеотипии эффузиви (масалан, порфири квартсдор) ва ҳам ҷинсҳои гипабиссалию рагӣ (масалан, гранитпорфир) кор фармуда мешавад. Дар массаи шишамонанд ё микронристаллии Порфир кристаллҳои нисбатан калони шпатҳои даштии ишқорӣ, плагиоклазҳои турш (албит, олигоклаз) , квартс, би­отит ва ғайра хол-хол ҷой гирифтаанд. Таркиби массаи асосӣ низ аз минералҳои номбурда иборат аст. Ранги Порфир сурхча, зардча ва бӯртоб аст. Аз ҷиҳати таркиб Порфирҳо ду хел мешаванд: Порфири ортоклаздор (ортофир)— мушобеҳи трахит ва Порфири квартсдор — мушобеҳи липарит. Порфирҳо масолеҳи хуби бинокорианд ва аз онҳо ашёҳои ба кислота тобовар ва санги осиё тайёр мекунанд. Ба тоҷикӣ санги самоқ низ мегӯянд.

Ӯ. Олимов,

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …