Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПОРАХӮРӢ

ПОРАХӮРӢ

ПОРАХӮРӢ, дар ҳуқуқи ҷиноятии советӣ мафҳумест, ки се намуди ҷиноят, яъне гирифтани пора, додани пора, миёнаравиро дар бар мегирад.

Гирифтани пора — аз тарафи шахси мансабдор шахсан ба воситаи миёнарав гирифтани пора барои ба фоидаи порадиҳанда иҷро кардани кор.

pora

Фақат чизҳои моддӣ ё нафъи мо­лумулкӣ, ки шахси мансабдор бо ин роҳ ба даст меоварад, пора ҳисоб карда мешавад. Ин гуна пора бар шакли пул, чизу чора, озуқа, ба ҷо овардани хизмати моддӣ ифода ме­ёбад (масалан, додани хонаи истиқоматӣ). Барои гирифтани пора ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати аз 3 то 10 солу мусодираи молу мулк муайян карда шудааст.

Мансабдоре, ки вазифаи масъулро ишғол мекунад ё пештар барои порахӯрӣ суд шудааст, ё чандин бор пора гирифтааст, ё худ бо роҳи маҷбурӣ пора гирифтааст, ҳангоми содир кардани чунин гунон аз озодӣ ба муддати аз то 15 сол маҳрум карда шуда, молу мулкаш мусодира ва худи ӯ ба муддати аз 2 то 5 сол бадарға (ё бе чунин бадарға) карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои вазнин ҷазои қатлу мусодираи молу мулк пешбинӣ шудааст (моддаи 186 КҶ РСС Тоҷикистон).

Додани пора — ба шахси ман­сабдор додани чизҳои қиматбаҳо ва нафъи молумулкӣ барои аз мансаби худ истифода бурда ба манфиати порадинанда ҳал кардани (ё накардан) ягон масъала. Барои додани пора ҷазои аз озодӣ ба муддати аз 3 то 8 сол маҳрум кардан: ҳангоми мавҷуд буданн ҳолатҳои вазнин ҷазои аз озодӣ ба муддати аз 7 то 15 сол маҳрум кардан бо мусодираи молу мул к (ё бо мусодира) ва бадарғакулӣ ба муддати аз 2 то 5 сол (6 бо бадарға) дода мешавад. Шахсӣ порадодае, ки барои додани пора маҷбур карда шудааст, ё шахсӣ маз­кур баъди додани пора дар ин бо­ра ихтиёран арз карда аст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (моддаи 187 КҶ РОС Тоҷикистон).

М и ё н а р а в ӣ дар порах у р ӣ — амалиёте, ки ҳангоми гирифта додани пора ба тарафи як шахс ба шахсӣ дигар содир шудааст (масалан, бевосита гирифта додани предмети пора, муҳайё намудани шароит барои порадиҳӣ ва ғайра). Барои миёнаравӣ дар Порахӯрӣ, ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати аз 2 то 8 сол, ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои вазини ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати аз 7 то 15 сол, мусодираи молу мулк ва бадарға ба ҷои муайян ба муддати аз 2 то 5 сол (ё бе чунин бадарға) дода мешавад (моддаи 187 КҶ PСC Тоҷикистон). Порахӯрӣ одати боқимондаи нанговари за­мони гузашта буда, ба муқобили он муборизаи диддӣ бурда мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …