Маълумоти охирин

ПОПУРРИ

ПОПУРРИ (аз франсавӣ pot-pour­ri — таоми омехта, маҳлути ҳар чиз), пэсаи созие, ки аз оҳангҳои маъмули ягон опера, оперетта, балет, навоҳои мусиқии бастакори намоён, суруду рақсҳои халқӣ, таронаи кинофилмҳо ва ғайра тартиб меёбад. Оҳангҳо дар Попурри одатан дар шакли аслӣ меоянд ва васл мешаванд. Попурри аз асри 19 маъмул гардид. Попурри барои ҳайатҳои гуногуни ансамблҳои созӣ (бештар барои оркестрҳои эстрадӣ ва нафасӣ) эҷод мешавад.

surud-nota

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …