Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОПОВИЧ Павел Романович

ПОПОВИЧ Павел Романович

popovich-p-r

ПОПОВИЧ Павел Романович (таваллудаш 5. 10. 1930, посёлкаи Узили вилояти Ки­ев), лётчик-кайҳоннаварди СССР, генерал-майори авиатсия (1976), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Совет» (1962,1974). Аъзои КПСС аз соли 1957. Соли 1951 техникуми индустриалии Магнитогорск ва дар як вақт ароклубро хатм намуд. Соли 1954 Омӯзишгоҳи ҳарбии авиатсиониро хатм намуда, ба сифати лётчики ҳарбӣ хизмат кар­дааст. Аз соли 1960 дар гурӯҳи кайҳоннавардон. Соли 1968 Академики ҳарбии ҳавоии инженерии ба номи Н. Е. Жуковскийро хатм кард. Бори аввал 12—15 августи 1962 дар киштии кайҳонии «Восток-4» ба кайҳон пар­воз намуд. Дар рафти ин парвоз нахустин бор байни экипажҳои ду киштии кайҳонии «Восток-4» ва «Восток-3» (км А. Г. Николаев идора мекард) радиоалоқа барқарор карда шуд. Попович 3—19 июли 1974 ба сифати командири киштии кайҳонии «Союз- 14» (бо Ю. П. Артюхин) бори дуюм ба кайҳон парвоз кард. 5 июли 1974 киштии «Союз-14» бо стансияи илмии «Салют-3» васл шуд. Парвози якҷояи комплекси кайҳонии «Са­лют-3» — «Союз-14» 15 шаборӯз давом кард. Дар вақти ин парвоз кайҳоннавардон Попович ва Артюхин программаи васси экспериментҳои илмию техникӣ ва тиббиву биологиро анҷом доданд. Попович инчунин унвони Қаҳрамони Меҳнати РСВ-ро мушарраф гардидааст. Бо 2 орденн Ленин, ордени Ситораи Сурх, Медали тиллоӣ ба номи К. Э. Сиолковскии АФ СССР ва бо дигар ордену медалҳои мамлакатҳои хориҷа мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …