Главная / Гуногун / ПОПОВ Владимир Иванович

ПОПОВ Владимир Иванович

ПОПОВ Владимир Иванович (23. 2. 1907, Ленинград), геологи советӣ, акад. АФ PGC Ӯзб. (1968), доктори илмҳои геология ва мине­ралогия (1939), профессор (1940), Хо­дими Хизматнишондодаи Илм ва Техникаи РСС Ӯзбекистон (1957). Аъ­зои КПСС аз соли 1941. Пас аз хатми шӯъбаи иктишофи геологияи факултети физикаю математикаи Университети давлатии Осиёи Миена (1937) муаллими ҳамин университет ва геологи Экспедитсияи геологии Помир ва ноҳияҳои дигари Тоҷикис­тон (1927—1939), профессори университет (1939— 1942), мудири кафедраи форматсияи ҷинсҳои таҳшинӣ ва сарватҳои зеризаминии бо ин ҷинсҳо алоқаманд (1942). Солҳои 1970—1974 аъзои пре­зидиум ва раиси СОПС (Шӯро оид ба омӯхтани қувваҳои истеҳсолкунанда)-и АФ РСС Ӯзбекистон. Бо ҳамроҳии А. С. Уклонений, А. Е. Ферсман дар кашфи кони симобу сурмаи Ҳайдаркон иштирок кардааст. Попов дар По­мир конҳои пошхӯрдаи тиллоро ёфта (1927), схемаи металлогенӣ ва геохимиявии ин территорияро тартиб до­дааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …