Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОПОВ Леонид Иванович

ПОПОВ Леонид Иванович

popov-l-i

ПОПОВ Леонид Иванович (таваллудаш 31. 08. 1945, шаҳри Александрияи вилояти Киро­воград), лётчик-кайдоннаварди СССР, подполковник, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1980; 81). Аъзои КПСС аз соли 1971. Соли 1968 Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-авиатсионии лётчикҳои Черниговро хатм намуда, сипас дар сафҳои ҚҲҲ-и Ар­мияи Советӣ дар вазифаи лётчикқиркунанда хизмат кард. Аз соли 1970 дар отряди кайҳоннавардон. Ӯ аз рӯи программои «Союз» — «Салют» курси пурраи тайёриро гузашт. Дар идора кардани аппаратҳои париши кайҳонӣ иштирок дошт. Соли 1976 Академияи ҳарбии ҳавоии ба номи Ю. А. Гагаринро хатм намуд. 9 апрели 1980 дар киштии кайҳонии «Союз35» якҷоя бо В. В. Рюмин бори аввал ба кайҳон парвоз намуд. Киш­тии «Союз-35» 10 апрели 1980 бо стан­сияи «Салют-6» қӯш шуд ва кайҳоннавардон дар борти комплекси мадорӣ ба кор cap карданд. Ва комплекси мадории «Салют-6» — «Союз» киштиҳои кайҳонии «Союз-36» (бо В. И. Кубасов ва Б. Фаркаш), «Союз-37» (бо В. В., Горбатко ва Фам Туан), «Союз-38» (бо Ю. В. Романенко ва Арналдо Тамайо Мендес), «Союз- Т-2» ва киштиҳои нақлиётии «Про­гресс» бо навбат қӯш шуданд. Бори дуюм 14—22. 05. 81 ҳамроҳи Д. Прунариу ба кайҳон парвоз кард. Бори сеюм 19—27. 08. 82 дар «Союз Т-5» (бо А. А. Серебров ва С. Б. Савитс­кая) ба кайҳон парвоз кардааст. Бо се ордени Ленин ва дигар ордену медалҳои СССР ва мамлакатҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст. Ба Попов инчунин унвони Қаҳрамони РХВ, PGB, Республикаи Куба, РСР дода шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …