Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОПОВ Александр Степанович

ПОПОВ Александр Степанович

popov-a-s

ПОПОВ Александр Степанович (16.3. 1859, ҳозира шаҳри Краснотурински вилояти Свердловск —13. 1. 1906, Петербург), физик ва элект ро т е х н и к и рус, яке аз ихтироъкорони радио.

Соли 1882 факултети физикаю математикаи Университети Петербургро хатм кард ва дар ҳамон ҷо ба кор монд. Дар мактаби офитсерони Кронштадт (1883—1901) ва донишкадаи техникии Идораи баҳрӣ (1890—1900) дарс додааст; профессори фи­зика (1901) ва директори Институти электротехникии Петербург (аз 1905), инженерэлектрики фахрӣ (1900) ва аъзои фахрии Ҷамъияти техникии рус (1901). Нахустин корҳои илмии Попов ба масъалаҳои гуногуни электротехника ва физика оиданд. Баъди чоп шудани асарҳои Г. Герц доир ба электродинамика (1888), Попов ба омӯзиши мавҷҳои электромагнитӣ шурӯъ намуд; соли 1889 нишон дод, ки ба воситаи мавҷҳои электромагнитӣ сигналҳоро ба масофаҳои калон нақл намудан мумкин  аст. Соли 1894 Попов приёмнике сохт, ки бо ёрии он сигналҳоро ба масофаи якчанд метр нақлу қабул кар­дан мумкин аст ва дар ин кор аввалин бор антеннаро истифода бурд. Попов 7 майи 1895 дар шӯъбаи фи­зикаи Ҷамъияти физикаю химияи рус дар дунё якумин шуда кори радиостансияи қабулкунандаро намоиш дод. Соли 1896 ба масофаи 250 м сигналҳо (радиограмма)-ро бе сим фиристод. Баҳори соли 1897 дурии радиоалоқаро то 600 м ва тирамоҳи худи ҳамон сол — 5 км ва нимаи соли 1901 ба 150 км расонд. Соли 1897 аз объектҳои калон (кишти) инъикос гардидани радиомавҷҳоро мушоҳида кард. Соли 1895 барои қайд кардани разрядҳои барқӣ асбобе (грозоот­метчик) сохт. Ихтироъҳои Попов дар Россия ва хориҷа баҳои баланд гирифтанд. Дар Намоишгоҳи байналхалқии Париж (1900) Попов барои приёмникаш медали калони тиллоӣ гирифт. Дар СССР аз соли 1945 инҷониб Рӯзи радио (7 май) қайд карда мешавад; АФ СССР медали тиллоии ба номи А. С. Поповро таъсис кард, ки барои тадқиқу кашфиёти намоёни соҳаи радио дода мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …