Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОНТРЯГИН Лев Семёнович

ПОНТРЯГИН Лев Семёнович

pontryagin-l-s

ПОНТРЯГИН Лев Семёнович (таваллудаш 3. 9. 1908, Москва), математики со­ветӣ, акад. АФ СССР (1958; аъзо- корр. 1939), Қаҳрамони Меҳнати бино шуд. Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1929). Аз соли 1939 мудири шӯъбаи Институти математикаи АФ СССР ба номи В. А. Стек­лов, профессори Университети Давлатии Москва (1935). Дар топология қонуни умумии таснияро кашф намуда, дар зимни он назарияи характерҳои гурӯҳҳои бефосиларо бунёд кард; дар соҳаи вазарияи гомотопия як силсила тадқиқотро анҷом дод, ки натиҷаҳояш дар илм бо номи «синфҳои Понтрягин» маъруфанд. Понтрягин муаллифи назарияи математикии просессҳои оптималӣ мебошад, ки мансуб ба назарияи идора аст. Дар назарияи бозиҳои дифференсиалӣ низ натиҷаҳои барҷаста ба даст овард. Ҳиссаи илмии Понтрягин махсусан дар инкишофи назарияи идоракунӣ ва ҳисоби вариатсионӣ хеле калон аст. Понтрягин аъзои фахрии Ҷамъияти математикҳои Лондон (1953), Академияи байналхалқии «Астронавтика» (1966), аъзои фахрии АФ РХВ (1972) мебо­шад. Солҳои 1970—1974 ҷоиб-президенти Иттифоқи байналхалқии математикҳо буд: Лауреат Мукофоти дав­латии СССР (1941), Мукофоти ленинӣ (1962). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …