Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОНОМАРЁВ Николай Афанасе­вич

ПОНОМАРЁВ Николай Афанасе­вич

ponomarev-n-a

ПОНОМАРЁВ Николай Афанасе­вич (таваллудаш 17. 2. 1918, Александровск- Грушевский, ҳозира шаҳри Шахтин вилояти Ростов), графики советӣ, Рассоми Халқии СССР (1977), Аъзои ҳақиқии АР СССР (1973). Институти рассомии ба номи В. И. Сурикова Москваро назди А. А. Осмёркин ва П. Я. Павлинов хатм намудааст (1940—1950). Аз соли 1949 дар институти мазкур дарс мегӯяд (профессор аз 1963). Аз соли 1971 котиби якум ва аа 1973 раиси Правленияи ИР СССР. Пономарев дар асарҳои графикиаш манзараи табиат, меҳнати фидокоронаи одамон ва ҳаёти ҳаррӯзаи онҳоро бо тобиши нозуки рангҳо ифода мекунад. Асарҳои намоёни ӯ: силсилаи «Шахтёрони Донбасс» (гуаш, ангишт, на­лам, 1949—1950; Мукофоти давлатии СССР, 1951), «Ветнами Шимолӣ» (гуаш, пастел, 1957; литография ва монотипия, 1958), «Қад-қади Ҳиндустон» (гуаш, 1961), ҳамааш дар Нигористони Третяков ва Музеи Рус дар Ленинград; «Бодбонҳои наз­ди Москва» (монотипия, 1969) ва ғайра. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнаг ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …