Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОНОМАРЕВ Борис Николаевич

ПОНОМАРЕВ Борис Николаевич

ponomarev-b-n

ПОНОМАРЕВ Борис Николаевич (таваллудаш 17. 1. 1905, Зарайск, ҳозира вилояти Москва), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, муаррих, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалист» (1975), професори (1932), акад. АФ СССР (1962; аъзо-корр. 1958). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1919. Соли 1919 ихтиёран ба хизмати Армиям Сурх рафт. Солҳои 1920— 1923 дар кори комсомолӣ ва партия­вии Зарайск: котиби Комитети уезди ва аъзои бюрои Комитети комсомо­лии губернатор Рязан, котиби ташкилоти партиявии фабрика. Университети Москва (1926) ва Институти профессураи сурхро (1932) хатм намуд. Солҳои 1926—1928 дар кори партиявӣ дар Донбасс ва Туркманистон буд. Солҳои 1932—1934 ҷонишини директори Институти профес­сураи сурх; 1934—1936 директори Институ­ти таърихи партияи назди Комите­ти партиявии Москва. Солҳои 1937—1943 дар Комиҷроияи Интернатсионали Коммунистӣ кор кард. Солҳои 1943—1944 ҷонишини директори Институти Маркс, Энгелс, Ленин. Солҳои 1944—1946 ҷонишини мудири шӯъбаи КМ ВКП(б). Солҳои 1947—1949 ҷонишини сардор ва сардори Бюрои информатсионии советии назди Советӣ Вазирони СССР. Аз соли 1948 ҷоиишини якуми мудири шӯъбаи КМ, 1955—1961 мудири шӯъбаи КМ КПСС. Аз октябри 1961 котиби КМ КПСС. Дар Съезди 19-уми пар­тия номзад ба аъзоии КМ, дар съездҳои 20, 22—26-ум аъзои КМ КПСС интихоб шуд. Аз май 1972 номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсии КМ КПСС. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5—11). Пономарев муаллиф ва муҳаррири асарҳои бисёре оид ба таърихи КПСС, сиёсати берунии СССР, ҳаракати банналхалқии ком­мунист, коргарӣ ва миллии озодихоҳӣ, асарҳои оид ба пробломаҳои назарияи сотсиализми илмӣ мебошад.

Аз соли 1932 роҳбари кафедраи таърихи партияи Институти профессураи сурх, баъд АИҶ-и назди КМ КПСС. Роҳбари коллективи муаллифони китоби дарсии таърихи КПСС (1960, 6 нашри 1971—1982). Аъзои ҳайати Сарредаксили таърихи бисёрҷилдаи КПСС. Пономарев— аъзои ҳайати вакилони КПСС дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ. Бо 5 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …