Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ПОМИР»-лагери байналхалқии кӯҳнавардӣ

«ПОМИР»-лагери байналхалқии кӯҳнавардӣ

 «ПОМИР», лагери байналхалқии кӯҳнавардӣ барои варзишгарони хориҷӣ. Ба варзишгарон асосан кӯҳнавардони намоёни советӣ роҳбарӣ мекунанд. Соли 1974 дар водии Олой, дар мавзеи Аччиқтош (шимоли нишебиҳои қ. Ленин) кушода шуд. «Помир» ду филиал дорад: аз соли 1976 филиали «Фортамбек» (назди қ. Коммунизм) ва аз соли 1978 филиалы «Язгулом» (назди қ. Револютсия). Соле як смена (моҳҳои июл-август; 30 рӯз) кор мекунад. Роҳ ба воситаи шаҳри уши РСС Қирғизистон Иштирокчиён ба­ландии шаш-ҳафтҳазорметраи Шимолу Ғарбии Помирро фатҳ менамоянд. «Помир» — тобеи Комитети физкулту­ра ва спорти назди советӣ Вазирони СССР. Роҳҳатро танҳо бо валютаи хориҷӣ харидан мумкин. Кӯҳнавардони бештар аз 20 мамлакат, аз ҷумла Чехословакия, РДГ, РХП, ШМА, Япония, Австрия, РФГ, Швейтсария ба лагери «Помир» омада рафтаапд.

В. Машков.

three-peaks-d3

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …