Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПОМИДОР

ПОМИДОР

pomidor

ПОМИДОР (аз италиявӣ роmudoro, d’orо — себи тиллоӣ), ф о т и лаҷон, томат (Lycopersion), ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсола ё нимбуттаест аз оилаи авранҷиҳо; сабзавоти маъмул. Ватани Помидор— Америкаи Ҷанубӣ. Помидори худрӯй дар Перу, Эквадор ва Чили мерӯяд. Помидор дар тамоми мамлакатҳои дунё парвариш карда мешавад. Ба Европа (Испания, Португалия, Италия) онро нимаи асри 16 овардаанд. Дар Россия аз Помидор бори аввал соли 1780 хабар ёфтаанд. Ҳангоми ҳафриёти Марв (асри 16) тухми Помидорро ёфтанд. Помидорро эҳтимол ҳанӯз дар он вақтҳо парвариш мекарданд. Аз парвариши Помидор дар Тоҷикистон аввалин бор дар Ҳисоботи М. Лопотт (соли 1912) маълумот оварда шудааст. Парвариши Помидор дар республикаи мо махсусан солҳои 20 равнақ ёфт ва ҳоло он яке аз сабзавотҳои асосист. Помидор 3, намуд дорад;  п е р у г ӣ , пашмакдор ва м у қ а р р а р ӣ. Помидори муқаррарӣ қариб 2 ҳазор навъу хел дорад. Помидори м у қ а р р а р и растании яксола буда, пояи рост ё хамида, барги мураккаби пармонанд, гули майдаву калони зард, ғӯраки мудаввар, дарозрӯяи қиррадори 2 ё бисёрпалла дорад. Помидор худ гардолуд мешавад. Ҳосили Помидор мудаввар, гирдан паҳн, эллипсӣ, олушакл ё мурӯднамо, сурх, норанҷӣ, гулобӣ, зардтоб ва сафед (диаметраш аз 3 то 10 см, вазнаш аз 20 то 900 г ва зиёдтар аз он) мешавад. 100 г Помидор 4 мг натрий, 268 мг калий, 11 мг калсий, 12 мг магний, 0,6 мг оҳан, 0,097 мг мис, 27 мг фосфор, 14 мг сулфур, 40 мг хлор, 0,189 мг манган дорад. Помидор баъди 80—140 шаборӯзи сабзиш мепазад. Помидорро чи хом ва чи пухта дар таъом истеъмол мекунанд. Онро консервонида ё очоронида низ истифода мебаранд. Шарбати Помидор басо серғизост.

Помидор зироати гармидӯст буда, сармобардор нест. Ҳарорати оптималии сабзиши тухми Л. 20—25°С аст. Ҳангоми аз 15°С паст будани ҳарорат Помидор гул намекунад. Помидорро дар ҳама гуна хоке, ки рН (кислотаноки)-аш аз 4,5 паст нест, парваридан мумкин аст.

Дар СССР ба бештар аз 225 ҳазор га Помидор мекоранд ва соле зиёда аз 3,5 млн т (15%-и ҳаҷми умумии истеҳсоли сабзавот) ҳосил меғундорапд. Дар ИМА ба 197 ҳазор га Помидор кишта, аз ҳар га қариб 370 с, дар Италия мувофиқан 113 ҳазор га ва зиёда аз 270 с, дар Булғория 26 ҳазор га ва 300 с, дар Венгрия 17 ҳазор га ва зиёда аз 210 с ҳосил мегиранд.

Нигоҳубини растанӣ: мунтазам нарм кардани замин, нест кардани алафҳои бегона, хокчош, ғизодиҳии иловагӣ, обмонӣ, мубориза бо зараррасоиҳою касалиҳо. Касалиҳои паҳншудаи Помидор: макроспориоз, сенториоз, фитофтороз, доғҳои бӯри баргҳо, пӯсиши нӯг, столбур, стрик ва ғайра. Ба ниҳоли Помидор асосан баргпечонакҳо, саригӯсола, кирми тирамоҳӣ, нематодаи бузғунҷ, ширинчаи полиз (дар гармхонаҳо) ва дигарҳо зарар мерасонанд.

Ад.: Сабзавоткории Тоҷикистон, Д, 1972; Брежнев Д. Д., Томаты, Л., 1964; Справочник огородника, Кайнар. 1975.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …