Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЛЗУНОВ Иван Иванович

ПОЛЗУНОВ Иван Иванович

polzunov-i-i

ПОЛЗУНОВ Иван Иванович (1728, Екатеринбург, ҳозира Свердловск — 27. 5. 1766, Барнаул), теплотехники рус, яке аз ихтироъкорони муҳаррики ҳароратӣ, бунёдкори якумии таҷҳизоти қуввагии буғӣ дар Россия. Баъди хатми аввалин мактаби кӯҳкории рус дар Екатеринбург шогирди сармеханики заводҳои Н. Бахарев дар Урал буд. Аз соли 1748 аввал дар Барнаул техник-ҳисобчӣ шуда кор кард, аз соли 1750 чун унтер-шихтмейстер. Ползунов дар китобхонаи заводи Барнаул бо асарҳои М. В. Ломоносов шинос шуда, сохти таҷҳизоти насоси буғиро меомӯзад. Вай соли 1763 лоиҳаи муҳаррики буғӣ — нахустин муҳаррики дусилиндраи якнавардаро, ки иқтидораш ба 1,8 қ. а. (1,3 кВт) баробар буд, тнчунин лоиҳаи таҷҳизоти навро барои ҳаракатовари ҳаводамдиҳакҳои кӯраҳои гудозиш кашид. Ин таҷҳизоти иқтидораш дар ҳамон замон рекордӣ—32 қ. а. (24 кВт) дар заводҳо ҷои чархҳои обиро гирифт. Як ҳафта пеш аз оғози кори ин таҷҳизот Ползунов аз бемории сил вафот кард. Ба техникуми металлургияи кӯҳии Свердловск ва Институти марказии тадқиқоти илмии дегу турбинаҳо (Ленинград) номи Ползунов дода шудааст. Ниг. Низ Мошини буғӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …