Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛЯРИЗАТСИЯИ РӮШНОӢ

ПОЛЯРИЗАТСИЯИ РӮШНОӢ

maxresdefault

ПОЛЯРИЗАТСИЯИ РӮШНОӢ, яке аз хосиятҳои умдаи афканишоти оптикӣ (рӯшноӣ)-ро гӯянд, ки аз нобаробарқиматии самтҳои гуногун дар ҳамвории ба самти иур (самти паҳншавии мавҷи рӯшноӣ) амудӣ иборат аст. Поляризатсияи рӯшноӣ гуфта инчунин характеристикаҳои геометриеро низ меноманд, ки махсусиятҳои ин нобаробарқиматиро инъикос мекунанд. Сарфи назар аз он ки ҳодисаҳои бо Поляризатсияи рӯшноӣ алоқаманд пеш ҳам тадқиқ мешуданд (масалон, соли 1669 аз тарафи Э. Бартолин кашф шудани ҳодисаи шикасти дукаратаи нур дар кристаллҳо ва аз тарафи X. Гюигенс солҳои 1678—1690 назариявӣ муоина шудани ин ҳодиса), мафҳуми Поляризатсияи рӯшноӣро ба оптика бори аввал солҳои 1704—1706 И. Нютон дохил намудааст. Истилоҳи « Поляризатсияи рӯшноӣ »-ро соли 1808 физики франсавӣ Э. Малюс пешниҳод кардааст. Оғози истифодаи васеи ҳодисаҳое, ки асоси онҳоро Поляризатсияи рӯшноӣ ташкил медиҳад, бо номи ӯ ва бо номи Ж. Био, О. Френел, Д. Араго, Д. Брюстер ва дигар алоқаманд аст. Инъикос ва шикасти рӯшноӣ барои ҳодисаҳои физикӣ боиси Поляризатсияи рӯшноӣ мегарданд. Ҳангоми инъикос ва шикасти рӯшноӣ фарқи характеристикаҳои оптикии ҳудуди ҷудошавии ду муҳит (барои компонентаҳои дастаи рӯшноие, ки нисбат ба ҳамвории афтиши рӯшноӣ параллел ё перпендикулярона поляризатсия шудааст) сабаби Поляризатсияи рӯшноӣ мегардад. Рӯшнои инчунун ҳангоми аз қабати муҳите, ки тавассути таъсироти маҷбурӣ ба анизотропияи оптикӣ соҳиб гардидааст, гузаштанаш низ поляризатсия мешавад (ниг. Инъикоси рушноӣ, Шикасти рӯшноӣ).

Чи хеле ки маълум аст, мавҷҳо арзӣ ва тӯлӣ паҳн мешаванд. Мавҷҳои электромагнитии арзӣ поляризатсия шаванд, мавҷҳои электромагнитии тӯлӣ, баръакс, поляризатсия намешаванд.

В. Нарзиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …