Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЛЯКОВ Иван Евтеевич

ПОЛЯКОВ Иван Евтеевич

polyakov

ПОЛЯКОВ Иван Евтеевич (таваллудаш 25. 11. 1914, Гомел), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1973). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1940. Соли 1949 Мактаби олии партиявии назди КМ ВКП(б)-ро хатм кард. Аз соли 1933 коргар дар Гомел. Соли 1939 дар корҳои комсомолӣ. Солҳои 1942—1943 котиби Комитети вилоятии махфии комсомоли Гомел ва комиссари бригадаи 1-уми партизании Гомел. Солҳои 1943—1946 котиби якуми комитетҳои вилоятии комсомолии Гомел, Минск. Солҳои 1949—1953 котиби якум, дуюми Комитети партиявии Витебск. Солҳои 1956—1957 раиси Комитети иҷроияи вилояти Гомел. Солҳои 1957—1964 котиби якуми Комитети партиявии вилояти Гомел, 1964—1977 котиби якуми Комитети партиявии вилояти Минск. Аз соли 1977 раиси Президиуми Совети Олии РССБ, ҷонишини раиси Президиуми Совети Олии СССР. Номзад ба аъзоии КМ КПСС (1961—1966). Аз соли 1966 аъзои КМ КПСС Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5—11). Бо 4 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …