Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ПОЛТАВА

Вилояти ПОЛТАВА

poltava_in_

ПОЛТАВА, вилоятест дар ҳайати РССУ. 22 сентябри 1937 ташкил шудааст. Дар қисми марказии Соҳили Чапи Украина воқеъ гардидааст. Масоҳати 28,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 1741 ҳазор нафар (1979). Вилоят 25 район, 13 шаҳр, 23 птш дорад. Марказаш шаҳри Полтава.

Табиат. Полтава дар суфаҳои қадимаи дарёи Днепр ва шохобҳои он, дар интиҳои ҷанубу ғарбии нишебии баландии Миёнаи Рус воқеъ аст. Сатҳаш ҳамвор буда (баландиаш дар Шимолу Шарқ 170—202 м, дар Ҷанубу Ғарб 60—100 м), ба сӯи Днепр нишеб мешавад. Дар Шарқ ҳамворӣ асосан теппадор, дар он ҷо водиҳои дарёҳо, ҷарӣ ва оббурдаҳо ҳастанд. Иқлимаш мӯътадили континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ аз — 5,5 то —7,6°С, июл 20—21,7°С. Боришоти солона 430—560 мм. Дарёҳояш ба ҳавзаи Днепр мансуб: шохобҳои чапи он — Сула, Псёл, Ворскла. Як қисми обанбори Кременчуг дар территорияи вилоят воқеъ аст. Қисми зиёди территорияи Полтаваро (то 70%) сиёҳхоки гумусдор ташкил мекунад. 7,5% территорияи вилоятро ҷангал пӯшондааст. Олами ҳайвонот:

Шоҳгавазн, хонгул, гуроз, гург, қашқалдоқ, рӯбоҳ, хаз, харгӯш, хомяк, юрмон. Аз парранда уқоб, дуғдор, лаклак, мурғобӣ ва қози ёбоӣ, бедона, кабк, ҷӯри даштӣ, ҷангалӣ ва ғайра ҳаст. Дарёву кӯлҳо моҳии бисёре дорад. Дар вилоят дендропарк ва ду қитъаи мамнуъгоҳ ҳаст.

Аҳолӣ. Дар вилоят асосан украинҳо (91,3%) ва русҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 60,1 нафар.иШаҳрҳои калон: Полтава, Кременчуг, Лубни, Миргород, Пирятин, Хорол, Гадяч. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ шаҳрҳои нав — Карловка, Гребёнка, Комсомолск бунёд шуданд.

Хоҷагӣ. То Револютсияи Октябри 1917 территорияи Полтава райони қафомондаи аграрӣ буд. Саноати он асосан аз корхонаҳои хурд иборат буд, ки онҳо бо коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ машғул буданд. Дар давраи Ҳокимияти Советӣ Полтава ба райони мутараққии индустралию аграрӣ табдил ёфт. Маҳсулоти умумии саноати он соли 1973 назар ба 1940 8,9 баробар афзуд. Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ ва коркарди металл, сабук, масолеҳи бинокорӣ ва чӯбгарӣ. Дар солҳои баъди ҷанг ба туфайли кашф шудани конҳои нефту газ (Радченково, Гливско-Роэбишевское ва дигар) соҳаҳои нави саноат — нефт, газ, химия, коркарди маҳсулоти нефт, кӯҳкорӣ ба вуҷуд омаданд. Стансияҳои электрии олавӣ ва ГЭС-и Кременчуг (дар дарёи Днепр) вилоятро бо энергияи электр таъмин мекунанд. Корхонаҳо асосан дар Полтава (заводҳои таъмири тепловоз, турбомеханикӣ, «Химмаш» ва дигар), дар Кременчуг (автомобил, вагонсозй), дар Лубни (дастгоҳ, мошин, мошинҳои ҳисоббарор), дар Карловка (таҷҳизот барои саноати хӯрокворӣ) гирд омадаанд. Дар вилоят заводҳои саноати зуд тараққӣ кардаистодаи химия — коркарди маҳсулоти нефт ва дуда (Кременчуг), химикию фармасевтӣ (Лубни), алмоси сунъӣ (Полтава) воқеъ гардидаанд. Дар саноати хӯрокворӣ истеҳсоли гӯшт (комбинатҳои гӯшти Полтава, Лубни, Миргород, Пирятян, Гадяч), қанд (Лохвитса, Кобеляки, Ярески ва дигар), шир (Полтава, Кременчуг ва дигар), консерв (Пирятин, Миргород, Полтава), равғану чарб (Полтава), спирт (Лохвитса), тамоку (Кременчуг) хеле тараққӣ кардаанд. Дар саноати сабук соҳаҳои ресмонресӣ, трикотаж, пойафзол, дӯзандагӣ, дар саноати чӯбгарӣ соҳаҳои мебел, комбинатҳои хонасозӣ, масолеҳи бинокорӣ, конструксияҳои оҳану бетон, хишт ва ғайра тараққӣ кардаанд. Дар хоҷагии қишлоқи вилоят ғаллакорию кишти лаблабуи қанд ва парвариши чорвои ширу гӯштдеҳ бартарӣ дорад. Соли 1973 дар вилоят 481 колхоз ва 44 совхоз буд. Зироати асосии киштшаванда: гандуми тирамоҳӣ, лӯбиёгиҳо, ҷуворимакка, ҷавдор, лаблабуи қанд, картошка, сабзавоту зироати полизӣ.

Маориф ва сохтмони маданӣ. Соли таҳсили 1973/1974 дар 1258 мактаби маълумоти умумии вилоят 267 ҳазор, дар 37 мактаби касбҳои техникӣ 16,3 ҳазор, дар 30 мактаби миёнаи махсус 27 ҳазор талаба, дар 5 мактаби олӣ (дар Полтава) 16,9 ҳазор студент таҳсил кард. Соли 1973 дар 516 муассисаи томактабӣ 50,8 ҳазор кӯдак тарбия ёфт. Соли 1974 дар вилоят 1228 китобхонаи оммавӣ, музейи таърихи муҳорибаи Полтава, музейи бадеӣ, музейи кишваршиносӣ дар Полтава (дар Лохвитса ва Миргород филиал дорад), музейҳои адабӣ-ёдгории П. Мирний, И. П. Котляревский, В. Г. Короленко (Полтава), музейи адабӣ-ёдгории Д. Гурамлшвили (Миргород), музейи адабӣ-ёдгории Н. В. Гогол (деҳаи Великие Сорочинцы), музеи А. С. Ма- каренко (райони Кременчуг), музейи адабӣ-ёдгории А. М. Горишӣ (деҳаи Мануйловка), музейҳои кишваршиносии Лубни ва Кременчуг; 2 театр, 1105 клуб, 1346 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, 70 муассисаи томактабӣ кор мекард. Газетаҳои вилоятии «Зоря Полтавщини» (аз соли 1917) ва «Комсомолец Полтавщипи» (аз соли 1938) ба забони украинӣ нашр мешавад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …