Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОЛОТСК

Шаҳри ПОЛОТСК

ПОЛОТСК, шаҳрест дар вилояти Витебски РССБ, дар соҳили дарёи Двинаи Ғарбӣ. Узели калони роҳҳои нақлиёт. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 76 ҳазор нафар (1977).

3f67fd97162d20e6fe27748b5b372509

Полотск маркази муҳими саноатии шимоли республика мебошад. 3аводҳои нахи шиша, маснуоти пластмассагӣ, таъмири автомобил, рехтагарии механикӣ, маснуоти оҳану бетонӣ, комб, масолеҳи бинокори, фабкаҳои мебел, дӯзандагӣ, маснуоти бадеӣ мавҷуданд. Саноати хӯрокворӣ (комбҳои гӯшт, нон, орд, заводҳои консерв, шир, вино, моҳӣ ва ғайра) ривоҷ ёфтааст. Шаҳр техникумҳои политехникӣ, ҷангал, хоҷагии қишлоқ, омӯзишгоҳҳои педагогӣ, тиббӣ, театри халқӣ ва музейҳо дорад. Аз ёдгориҳои меъморӣ калисоҳои ҷомеи София (байни 1044—1066 ё 1050—1060) ва Спасо- Евфросиниевский (то 1159), дайри Богоявленский (нимаи дуюми асри 18) боқӣ мондаанд.

Полотск бори аввал дар дастхатҳои соли 862 номбар шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …