Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЛЛИТ Гарри

ПОЛЛИТ Гарри

pollit-g

ПОЛЛИТ (Роllit)  Гарри (22.  11. 1890—6. 6. 1960), ходими ҳаракати коргарии Англия ва байналхалқӣ. Аз соли 1906 аъзои Партияи сотсиалистии Британия. Аз оилаи коргар. Аз овони ҷавониаш иштирокчии ҳаракати коргарӣ мегардад. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) дар пропагандаи зидди ҳарбӣ иштироқ намуд. Соли 1915 яке аз роҳбарони

корпатоии коргарони заводи киштисозии Саутхемптон. Солҳои 1918 —1919 Поллит ташкилотчии ҳаракати арбобони фабрику заводҳо дар ҳавзаи дарёт Темза яке аз ташкилотчиён ва роҳбарони ҳаракати «Аз Россия даст кашед» буд, ки он бар зидди интервенсияи зиддисоветӣ нигаронда шуда буд.

Поллит яке аз асосгузорони Партияи Коммунистии Британияи Кабир (1920) буд. Аз соли 1922 аъзои КМ ва Бюрои сиёсии КМ, аз соли 1943 аъзои Комиҷроия ва Комитети сиёсии Партияи коммунистӣ. Солҳои 1921—1924 котиби Бюрои лондонии Интернатсионали сурхи иттифоқҳои касаба. Солҳои 1924—1929 котиби генералии «Ҳаракати ақаллият», ки бар зидди сиёсати истилоҳотчигии пешвоёни рости тред-юнионҳо ва лейбористҳо мубориза мебурд. Соли 1925 барои фаъолияти револютмиониаш ба муддати 12 моҳ ҳабс гардид. Солҳои 1924—1943 аъзои Комиҷроияи Интернатсионали Коммунистӣ. Дар конгрессҳои 3, 5, 6 ва 7-уми Интернатсионали Коммунистӣ иштирок намуд. Солҳои 1929— 1956 котиби генералӣ, 1956—1960 раиси Комиҷроияи Партияи коммунистӣ. Борҳо ба СОСР сафар кардааст. Дар роҳ аз Австрия ба Британияи Кабир вафот кард.

Поллит яке аз муаллифони программаи Партияи Коммунистони Британияи Кабир «Роҳи Британия ба сӯи сотсиализм», муаллифи асарҳои сершумор оид ба масъалаҳои назария ва амалияи ҳаракати коргарӣ ва коммунистӣ.

Ас.: Избр. статьм и речи, т. 1, М., 1955; Марксиэм и рабочее движение в Великобритаяии, М., 1960.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …