Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛИВИНИЛАЦЕТАТ

ПОЛИВИНИЛАЦЕТАТ

polivinilacetat

ПОЛИВИНИЛАЦЕТАТ, як навъ полимери синтезӣ, ҳосилаи полимеризатсияи виниламетат. Моддаи сахти беранг ва безаҳр; массаи молекулааш вобаста ба шароити ҳосил кардани он аз 10 000 то 1500 000 мешавад; дар аксари ҳалкунандаҳои органикӣ (ба ғайр аз об, бензин ва равғанҳои минералӣ) ҳал мешавад. Ҳарорати нармшавиаш паст (26—28°С) буда, ниҳоят часпон аст. Поливениласитатро дар натиҷаи полимеризатсияи радикалҳои озоди мономер дар маҳлул, эмулсия ё суспензия ҳосил мекунанд ва онро дар шакли дона-дона (шадда), дисперсияи обӣ ё маҳлул (локҳо) истеҳсол мекунанд. Поливениласитатро барои синтези спиртӣ поливинил ва поливиниласталҳо, рангҳои эмулсионӣ, ширешҳои чӯб, коғаз, пӯст, матоъ, истеҳсоли фаршҳои бетаркиш ва ғайра истифода мешавад.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …