Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЛИВАНОВ Евгентй Дмитриевич

ПОЛИВАНОВ Евгентй Дмитриевич

polivanov-e-d

ПОЛИВАНОВ Евгентй Дмитриевич (12. 3. 1891, Смоленск —25. 1. 1938), забоншиноси шарқшинос ва адабиётшиноси советӣ. Шогирди И. А. Бодуэн де Курггенэ ва Л. В. Шерба. Аъзои КПСС аз соли 1919. Университети Петербург ва Академияи амалии Шарқро тамом кардааст (1912). Аз солт 1917 мудири шӯъбаи мамлакатҳои Шарқи Комиссариати халқии корҳои хориҷӣ буд. Аз соли 1919 профессори университети Петроград. Соли 1921 корманди Комиитерн, сипас то соли 1926 профессорт Университети Осиёи Миёна (Тошкент). Солҳот 1926—1929 профессори Институти шарқшиносӣ, ходими илмии Институти халқҳои Шарқ, Институти забон ва тафаккури Москва. Солҳои 1928—1929 ба муқобили «таълимоти нав оид ба забон»-и Н. Я. Марр баромад. Аз соли 1929 дар муассисаҳои илмии Самарқанд, Тошкент ва Фрунзе кор кард. Поливанов асосан ба тадқиқи фонетикаи таърихии забони японӣ, масъалаҳои грамматикаи забони хитоӣ, транскрипсияи калгамаҳои японию хитоӣ, грамматикаи муқоисавӣ, поэтика ва методикаи таълими забонҳо, инчунин забоншиносии умумӣ («Мадхали забоншиносӣ барои мактабҳои олии шарқшиносӣ», 1928) машгул шудааст. Поливанов яке аз аввалин муҳаққиқонест, ки доир ба методикаи таълими забони русӣ дар мактабҳои ғайрирусӣ асарҳо эҷод кардааст. Дар асарҳои Поливанов тадқиқи забони тоҷикӣ ва шеваҳои он ҷои махсус дорад.

Ос.: Введение в языкознание для вост токоведных вузов, Л., 1928: За маркоистское языкознание, М., 1931; Статьи по общему яэыкознанию, М., 1968.

А.Д.: И в а н о в Вяч. В., Лингвистические взгляды Е. Д. Поливанова. «Вопросы языкознаниям, 1957, М 3; Материалы конфиренции, дар маҷм.; Актуалыные вопросы современного языкознания и лингвистическое наследие Е. Д. Поливанова, т. 1, Самдрканд, 1964.

А. Горбачевский.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …